Манфиатҳо ва чолишҳо аз узвият дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) ва ҳамчунин, таҷрибаи кишварҳои дигар аз раванди гуфтушунидҳо ва узвият дар ин созмони ҷаҳонӣ дар маркази таваҷҷӯҳи як ҳамоиши дурӯзаи байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе хоҳад буд.
Тавре Саидмӯъмин Камолов, Раҳбари миллии барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» хабар дод, ҳамоиши «Узвият дар СҶТ ва пайомадҳои он барои тиҷорат – таҷрибаи кишварҳои дигар» рӯзҳои 17 ва 18-уми апрели соли ҷорӣ дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Ҳамоиши мазкур чорабинии нахустин ва муаррифгари лоиҳаи тозатасдиқи «Иҷрои талаботи СҶТ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» мебошад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад ва онро Маркази байнулмилалии тиҷорат дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Палатаи савдо ва саноати кишвар, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои ироагари хадамот амалӣ менамояд.
Лоиҳаи мазкур бахше аз Барномаи СЕКО оид ба ҳамкории тиҷоратӣ дар Тоҷикистон буда, мусоидат ба иҷрои ислоҳоти маҷмӯъӣ дар ин кишвар ҷиҳати узвият дар СҶТ-ро ҳадаф қарор додааст. Лоиҳа аз ислоҳот дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нассоҷӣ, ироаи хадамоти моливу мухобиротӣ ва нақлиётиву энержӣ пуштибонӣ мекунад.
Нахустин чорабинӣ дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, СЕКО, СҶТ, МБТ, созмонҳои дигари байнулмилалӣ ва соҳибкорони тоҷик, дар маҷмӯъ, бештар аз 60 нафарро гирди ҳам меоварад. Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Лариса Кислякова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ, Завқиҷон Завқиев, дабири Шӯрои мушовара оид ба беҳсозии фазои сармоягузории назди раисҷумҳури ҶТ, Зайд Саидов, раиси Иттиҳодияи истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Тоҷикистон, Некрой Забиров, раҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматии кишвар, Матлуба Ӯлҷабоева, раиси Иттиҳодияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи ҶТ, ҳамчунин, намояндагони Идораи швейтсарӣ оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, СҶТ ва МБТ дар ҳамоиш суханронӣ хоҳанд кард.
Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ, мегӯяд: «Узвият дар СҶТ дастрасии амн ва пешгӯипазирро ба бозорҳо таъмин мекунад ва ин дастрасӣ ба бозорҳо зери парчами иҷроиши ҳатмии талаботи ҳуқуқии танзимкунандаи тиҷорати байнулмилалӣ сурат мегирад. Тавоноии бахши хусусӣ барои истифода аз имконоте, ки чунин низом медиҳад, дар бисёр мавридҳо, аз иҷроиши ислоҳоти дохилӣ аз ҷониби ҳукумат бо ризоияти якдилонаи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор вобаста аст. Ҳукумат бояд шароитеро барои соҳибкорӣ фароҳам биоварад, ки сармояи хусусӣ ба иқтисоди дохилӣ ҷалб гардад».
Жан-Себастян Рур, мутахассиси аршади шӯъбаи сиёсати тиҷоратӣ дар Маркази байнулмилалии тиҷорат, мегӯяд, “бидуни шубҳа, узвият дар СҶТ ҳукуматро муваззаф мегардонад, то ислоҳоти дохилиро ба анҷом бирасонад. Ҳамчунин, ба хубӣ маълум аст, ки барои тезонидани раванди узвияти Тоҷикистон ба СҶТ, пешравиҳо дар самти ислоҳот дар соҳаи ироаи хадамот аҳаммияти аввалиндараҷа доранд, ҳам аз нигоҳи гуфтушунидҳои чандҷониба (қоидаҳо) ва ҳам аз нигоҳи гуфтушунидҳои дуҷониба (дастрасӣ ба бозор)”.
Манфиатҳо ва чолишҳои эҳтимолӣ аз узвият дар СҶТ, асосҳои фаъолияти ин созмон, чигунагии гуфтушунидҳо ҷиҳати узвият дар созмон, раванди феълии гуфтушунидҳои Тоҷикистон ҷиҳати узвият дар СҶТ, дастрасӣ ба бозори хадамот, таҷрибаи кишварҳои дигар ва мавзӯъҳои дигар дар ҳамоиши мазкур баррасӣ мегарданд.
Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) як созмони байнулмилалӣ буда, қоидаҳои тиҷорат миёни кишварҳоро танзим мекунад, то ба ин васила ба истеҳсолкунандагон, ироагарони хадамот, содиркунандаҳо ва воридкунандаҳо дар тиҷораташон мусоидат кунад. Дар ҳоли ҳозир, 153 кишвар узви СҶТ мебошанд ва гуфтушунидҳои 4 кишвари дигар, аз ҷумла, Русия, бо муваффақият анҷом пазируфтаву, онҳо мунтазири тасдиқи узвияти худ мебошанд. Боз 22 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, дархости узвият ба СҶТ кардаанд ва дархости онҳо дар марҳилаҳои гуногуни баррасӣ қарор дорад.