Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати молияи ҶТ натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ дар семоҳаи аввали соли равон ва иҷрои буҷети давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Зимни ҳисобот оид ба ин масъала сардори Раёсати сиёсати буҷетӣ дар бахшҳои иқтисоди Вазорати молия Темуралӣ Аҳмадов зикр кард, ки даромади умумии буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли равон 2 млрд. сомонӣ (421 млн. $)-ро ташкил доданд, ки аз ҳаҷми нақшавӣ 4 % зиёд буда, нисбат ба даромади моҳҳои январ-марти соли гузашта 261 млн. млн. сомонӣ бештаранд.
Ба гуфтаи Афғонов, хароҷоои умумии буҷети давлатӣ дар зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ 1,8 млрд. сомонӣ ё худ 85,4%-и нақшаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 277, 5 млн. сомонӣ зиёдтар мебошанд. Номбурда иброз дошт, ки ба бахши иҷтимоӣ дар ҳаҷми 802,4 млн. сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Афғонов таъкид кард, ки ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар семоҳаи аввал 5,6 млрд. сомониро ташкил дода, рушди воқеии иқтисод ба 7,2% баробар шудааст. Дар моҳҳои январ марти соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ 1 млрд. 246 млн. $ -ро ташкил додаааст. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ ба маблағи 917, 3 млн. доллари ИМА маҳсулот ворид гардида, аз кишвар дар ҳаҷми 328, 2 млн. доллари ИМА маҳсулот содир шудааст.
Сатҳи таваррум дар бахши истеъмол дар семоҳаи аввали соли равон 1,2%-ро ташкил додааст.