Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Турбоатом»-и шаҳри Харкови Украина ду чархаи нерӯгоҳи «Роғун»-ро омода сохта, ба вагонҳо бор кардааст.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати украинӣ, ин чархаҳои 5 ва 6 бо иқтидори 640 МВт будаанд. Шартнома барои тайёр кардани чархаҳои моҳи марти соли 2010 ба имзо расида буд.
Ёдрас мекунем, ки баландии сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» 335 метрро ташкил дода, иқтидори лоиҳавии он ба 3 ҳазору 600 МВт дар як сол баробар аст. Бо сохтмони сарбанди нерӯгоҳ обанбори дорои ҳаҷми умумии 13,3 км ташкил шуда, он ҳам аз нигоҳи тавлиди энергия ва ҳам аз лиҳози обёр
ӣ
пурсамар истифода хоҳад шуд. Маблағи умумии анҷоми сохтмони нерӯгоҳ дар ҳаҷми 2,2 млрд. $ ва навбати аввали он ба миқдори 590 млн. $ арзёбӣ мешавад.