Чанде қабл дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Котиботи Идораи молияи давлатӣ (ИМД) ва бо иштироки мададрасонон вохӯрии навбатӣ оид ба масоили идораи молияи давлатӣ баргузор шуд.
Вохӯрӣ таҳти раёсати роҳбари Котиботи Шӯрои ИМД, муовини вазири молияи ҶТ Шавкат Соҳибов доир гардид.
Бино ба маълумоти Котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ «Ҳисобот дар бораи пешравии татбиқи Нақшаи амали Стратегияи ИМД дар давраи соли 2011 ва семоҳаи I-уми соли 2012», «Ҳисобот оид ба мониторинги Нақшаи амали Стратегияи ИМД дар давраи соли 2011 ва семоҳаи I-уми соли 2012» пешниҳод ва баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин Муаррифиномаи Котибот оид ба тақвияти имконоти Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия ва Муаррифиномаи мушовири Бонки ҷаҳонӣ дар бораи вазъи ҷории таъсис ва сохтори ташкилии Палатаи ҳисоби ҶТ низ пешниҳод шуданд.
Ғайр аз ин, иштирокчиёни вохӯрӣ атрофи масоили маблағгузории баҳисобгирии муҳосибии бахши давлатӣ ва дигар масоили муҳими рӯзмарра табодули афкори судманд намуданд.