Содироти маҳсулоти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба Афғонистон оғоз гардида, ин нахустин кишвари хориҷи дур хоҳад буд, ки содироти маҳсулоти минтақа ба он роҳандозӣ мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали роҳбари МОИ «Суғд» Ӯктам Норматов хабар дод, айни замон миёни яке аз субъектҳои минтақа ва шарикони имконпазир аз Афғонистон бобати содироти рангҳои синтетикӣ гуфтушунид меравад.
«Айни замон маҳсулоти дар минтақаи озодӣ иқтисодӣ истеҳсолшуда танҳо ба Қазоқистону Қирғизистон содирот шуда, қисмате аз он дар бозори маҳаллӣ ба фурӯш бароварда мешавад», – гуфт вай.
Ба гуфтаи Норматов, феълан аз 18 субъекти дар минтақа сабтшуда ҳамагӣ 6-тоаш ба истеҳсоли маҳсулот машғуланд, ки инҳо корхонаҳои муштарак бо Полшаву, Туркия ва Кипру Русия буда, қубурҳои пластикӣ, маснуъоти рангиву лакӣ, пойгоҳҳои обкашӣ, коллекторҳои обгармкуни офтобӣ ва зарфи пластикӣ барои сабзавоту мева истеҳсол менамоянд.
«Айни замон ҳаҷми сармоягузории эълоншуда дар МОИ «Суғд» ҳудуди 6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Соли 2011 дар минтақа ба маблағи 11 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд. Маҳсулоти истеҳсолшуда дар семоҳаи аввали соли равон бошад, аллакай ба 3,2 млн. сомонӣ баробар шуд. Ояндаи наздик дар минтақа истеҳсоли сохтору ҷузъҳои дару тирезаҳо шуруъ мешавад», – афзуд муовини аввали роҳбари минтақа.