Чанде қабл дар ноҳияи Ҳамадонӣ филиали нави ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба фаъолият оғоз намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти бонки мазкур хабар доданд, дар маросими тантанавии ифтитоҳи филиал намояндагони роҳбарияти Бонк ва ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки таъсиси филиал барои мардуми ноҳия имкониятҳои бештари истифода аз хизматрасониҳои муосири бонкиро фароҳам меорад.
Бинои филиал дорои тамоми шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти бонкӣ буда, бо услуби хосаи «Тоҷиксодиротбонк» ороиш ёфтааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани филиал барои 35 нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардиданд.
Ҳамчунин чанде пештар дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон бинои нави филиали амалкунандаи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» мавриди истифода қарор гирифт.
Айни замон дар саросари кишвар 65 филиал ва як филиалӣ мобилии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» фаъолият дорад. Ояндаи наздик дар ноҳияҳои Ховалингу Шӯрообод ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ноҳияи Рашт ва ҳамчунин ноҳияҳои Ишкошиму Шуғнон ва Роштқалъаи ВМКБ кушодани филиалҳои бонк ба нақша гирифта шудааст.