Рӯзҳои 26-29-уми апрели соли равон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоишгоҳи байнулмилалии тиҷоративу саноатӣ баргузор мешавад. Он аз ҷониби ширкати чанде қабл таъсисёфтаи «Тоҷ Экспо» дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва санаоти ҷумҳурӣ ва дастгирии ҳукумати кишвар созмон дода мешавад.
Зимни нишасти хабарӣ бахшида ба ин чорабинӣ муовини ПСС ҶТ Асаналӣ Карамалиев зикр кард, ки баргузории намоишгоҳҳо дар маҷмуъ барои рушди тиҷорат ва иқтисод хеле нафъоваранд ва палата ҳамеша аз ширкатҳои машғул ба ин фаъолият пуштибонӣ мекунад.
Намояндагони ҶДММ «Тоҷ Экспо» изҳор карданд, ки дар кори намоишгоҳ аз иштироки беш аз 20 ширкатҳо аз кишварҳои Чину Фаронса, Олмону Эрон ва Туркияву Тоҷикистон интизорӣ меравад.
«Дар намоишгоҳ масолеҳи сохтмон, маҳсулоти бахши кишоварзӣ, маводи ғизойиву нӯшокиҳо, аз ҷумла маснуоти қаннодиву ширӣ, равғани растанӣ, хушкмева, консерваҳо, таҷҳизоту дорувории тиббӣ, ороишот, мебели навъҳои гуногун ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешаванд», – гуфтанд намояндагони ширкат.
Созмондиҳандагони намоишгоҳ мегӯянд, ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ ҷалби ширкат ва сармоягузорони хориҷӣ ба бозори Тоҷикистон ва роҳандозии ҳамкории судманди онҳо бо соҳибкорони тоҷик аст.
«Айни замон Тоҷикистон ба таҷҳизоти муосир ва технологияи коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ниёз дорад», – афзуд манбаъ.