Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди ҳукумати ҶТ бо иштироки кормандони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, вазорату идорахои дахлдор ва ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ лоиҳаи пешакии қонун «Дар бораи дастгирии соҳибкории хурду миёна» баррасӣ шуд.
Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Манзура Маҳкамова зикр кард, ки қонуни нав ба таъмини хубтари субъектҳои соҳибкории хурду миёна бо шароитҳои мусоиди корӣ ва рақобатпазирӣ нигаронида шудааст.
Мушовир оид ба масоили ҳуқуқии Кумита Сарвар Холиқов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» гуфт, ба ин монанд қонуни амалкунанда ҳанӯз соли 2002 қабул гардида, бинобар сабаби тағйироти зиёде дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва қонунгузории миллӣ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест ва аз ин рӯ, имрӯз дастгирии воқеии соҳибкорӣ аз ҷониби давлат эҳсос намешавад.
«Қонуни нав ба танзими дастгирии воқеии соҳибкории хурду миёна аз ҷониби давлат нигаронида шуда, дар асоси он имкони таъсиси фондҳое мавҷуданд, ки ба соҳибкорон бо шартҳои имтиёзнок қарз дода тавонанд», – гуфт вай.
С.Холиқов зикр кард, ки мушкилоти асосии имрӯзаи соҳибкор фоизҳои беҳад баланди қарзҳои бонкӣ мебошад. «Бо 30-36%-и фоизи қарзи бонкӣ дар як сол метавон танҳо ба хариду фурӯш машғул шуд, зеро барои роҳандозии истеҳсолот ва ба даст овардани фоида аз он муддати зиёдтаре лозим аст», – иброз дошт ӯ.
Номбурда изҳор кард, ки мушкили дигар барои соҳибкорон низоми хеле мураккаби иҷозатномадиҳӣ аст. «Соли гузашта шумори чунин иҷозатномаҳо аз 600 то 80 номгӯй коҳиш дода шуд ва акнун мо онро боз 50 дарсад кам карданием, зеро ҳар қадре соҳибкор бо маснабдор камтар муносибат кунад, ҳамон қадар мизони ришвахорӣ коҳиш меёбад», – афзуд мушовир.