Бо ташаббусси соҳибкор Чориев Холназар дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, иқтидори лоиҳавии корхона 3 млн. дона хишт дар як сол мебошад.
«Айни замон дар корхона истеҳсоли хишти хом ба роҳ монда шуда, дар як шабонарӯз 15 ҳазор дона хишт истеҳсол карда мешавад», – гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, дар корхона 25 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, дар назар дошта шудааст, ки дар моҳи май шумораи коргарон ба 50 нафар расонида шавад.