Бақияи пасандозҳои бонкҳои Тоҷикистон дар аввали моҳи равон беш аз 4,5 млрд. сомонӣ ё худ зиёда аз 950 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҷалби бештари пасандозҳои аҳолӣ дар айни замон тамоюли асосии рушди низоми бонкии кишварро инъикос менамояд ва самараи он тули бештар аз чор соли охир мушоҳида мешавад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ, алалхусус моҳҳои охир пасандозҳо дар бонкҳои кишвар зиёд шуда истодаанд. «Масалан, дар моҳи марти соли равон бақияи пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,9 фоиз афзуд», – гуфтанд дар БМТ.
Ба иттилои манбаъ, дар таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо 44,5 фоиз ё 2019,9 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 55,5 фоиз ё 2520,1 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.
Фоизи миёнавазни пасандозҳо бошад, дар семоҳаи якуми соли 2012 бо пули миллӣ 16,47 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 13,66 фоизи солона баробар шуданд.