Лоиҳаи Кодекси нави андоз, ки ба президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид, маъқул шуморида нашуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Шӯрои ҳамоҳангсози ассотсиатсияи тоҷирон ва Итиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон Некрӯз Забиров хабар дод, сарвари давлат супориш додааст, ки лоиҳаи кодекс дар фурсати наздиктарин (се моҳ) дубора бозбинӣ шуда, ба ассостсиатсияи тоҷирон баҳодиҳии мустақил ба он ва асосноккунии тамоми тавсияҳои пешниҳодшуда зарур аст.
Номбурда гуфт, аз лоиҳаи пешниҳодшудаи Кодекси нави андоз аз ҷониби ҳукумат бахши хусусӣ комилан қаноатманд нест ва дар сурати аз ҷониби президент қабул нашудани лоиҳаи пешниҳодшудаи онҳо, боқӣ мондани кодекси амалкунанда беҳтар аст.
Забиров иброз дошт, ки гуруҳи кории мустақил таъсис ёфта, ба кор оғоз кардааст ва дар муддати ду моҳ лоиҳаи нави Кодекси андозро дубора мавриди бозбинӣ қарор медиҳад.
Раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон Константин Бондаренко бар ин назар аст, ки агар ҳукумат ҳаҷми андозситониро нисбатан коҳиш диҳад, соҳибкорон фаъолтар шуда, аз рӯйпӯш кардани даромад даст мекашанд ва ба фаъолияти қонунӣ мепардозанд.
Бондаренко муътақид аст, ки лоиҳаи нави Кодекси андози кунуниро мебояд мавриди интиқод қарор дод, зеро он натанҳо манфиати як гуруҳи соҳибкорон, балки манфиати рушди иқтисодии ҷумҳуриро ҳифз мекунад.