Чанде қабл мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо муассисон ва саҳҳомони хориҷии «Сомон ойл» бо сардории ноиб-президенти ширкати австралиягии «Santos» Мартин Имз баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар вохўрӣ аз Ҷониби Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ниёзмандӣ ва талаботи ҷумҳурӣ ба соҳаи нафту газ қайд гардида, зарурати ҳарчӣ зудтар ба роҳ мондани корҳо дар самти воридоти таҷҳизот ва оғоз кардани корҳои пармакунӣ дар майдонҳои ба ширкат вобастабуда таъкид гардид.
Пас аз вохўриҳо ва гуфтушунидҳо дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶМСП «Сомон ойл» ба имзо расид.