Зимни муаррифии барномаи USAID таҳти унвони «Озуқа ба хотири оянда» дар Душанбе муовини нахуствазири ҷӯмҳурӣ Муродалӣ Алимардон изҳор кард, ки ҳукумат ният дорад, ки маблағгузорӣ ба бахши кишоварзиро афзун намояд.
«Имрӯз бонкҳои тиҷоратӣ ба фермерон бо фоизҳои хеле зиёд қарз пешниҳод мекунанд, – гуфт вай. – Аз ин рӯ, мо кӯшиш дорем, ки як бонки сармоягузорӣ таъсис бидиҳем, то ки танҳо ба маблағгузории бахши кишоварзӣ машғул бошад».
Ба гуфтаи М.Алимардон, айни замон дар бахши кишоварзии ҷумҳурӣ ислоҳот идома дошта, ҳукумат дар ҳамдастӣ бо шарикон оид ба рушд, аз ҷумла USAID кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар дохили кишвар ноил гардад ва кишварро бо маҳсулоти худӣ таъмин намояд.
«Имрӯз деҳқони тоҷик дилхоҳ зироатро кишт ва ба киву кай фурӯхтанашро худаш муайян месозад. Моро зарур аст, ки ӯро бо маълумот ва зербинои зарурии тиҷоратӣ таъмин намоем», – иброз дошт вай.
Муовини нахуствазир ҳамчунин гуфт, заминҳои обёришавандаи Тоҷикистон ҳамагӣ 7%-ро ташкил дода, 70%-и аҳолӣ дар деҳот ба сар мебарад.