spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

БҶ барои беҳбуди муҳити корӣ ба Тоҷикистон 10 млн. $ ҷудо кард


Рӯзи панҷшанбе Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ ҷудо кардани бурси навбатӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 млн. доллари ИМА-ро маъқул шуморид.

Тавре дар иттилоияи бонк хабар дода мешавад, маблағи мазкур ба амалисозии лоиҳа оид ба баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ ва беҳбуди муҳити корӣ дар ҷумҳурӣ равона мегардад.

Дар иттилоия зикр мегардад, ки лоиҳаи мазкур ба содакунии тартибот оид ба сабти тиҷорат ва дастрас кардани иҷозат барои сохтмон, беҳбуди зербинои молиявӣ барои таъмини дастрасии беҳтар ба хизматгузориҳои молиявӣ ва ҳамчунин мусоидат ба рушди саноати кӯҳкории ҷумҳурӣ, ки Тоҷикистон дар он афзалият дорад, нигаронида шудааст.

«Ҳукумати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки бахши хусусӣ дар модели нави рушди кишвар бояд пешсаф бошад ва Бонки ҷаҳонӣ ин назарро пурра дастгирӣ мекунад. Лоиҳаи мазкур ба соҳибкорон баҳри осон кардани ҷараёни ифтитоҳи тиҷорати нав ва сарфаи вақт кӯмак хоҳад расонид», – иброз дошт намояндаи доимии БҶ дар Тоҷикистон Марша Олив.

Дар бонк муътақиданд, ки дар натиҷаи амалисозии лоиҳа ва ба туфайли ҷорисозии «равзанаи ягона», ки мустақиман дастрас хоҳад буд, соҳибкорони Тоҷикистон бо осонӣ тиҷорати худро ба қайд гузошта, дар фурсати наздиктарин барои сохтмон, дастрасӣ ба хизматгузориҳои молиявӣ ва ғайра ноил хоҳанд шуд.

Дар бахши саноати кӯҳкорӣ лоиҳа ба бунёди заминаи бештар мусоиди ҳуқуқӣ ва меъёрӣ ҷиҳати ҳавасмандкунии сармоягузориҳои нав, фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ ва пешниҳоди имконоти нав барои аҳолии маҳаллӣ равона гардидааст.

Имрӯз сандуқи сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 14 лоиҳа иборат буда, маблағи умумии онҳо 225 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ сармоягузорӣ бештар ба бахши энергетикаву таъминоти об (35%), сипас бахши кишоварзӣ ва рушди деҳот (31%), рушди маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (30%) ва рушди иқтисоду бахши давлатӣ (4%) сурат гирифтааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...