Дар Тоҷикистон кишти пунбадона дар арафаи анҷомёбӣ буда, кишоварзони тоҷик нақшаи киштро тақрибан ба андозаи 95% ба иҷро расониданд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, феълан аз 210 ҳазор гектар замини кишти тибқи нақша пешбинишуда, қариб дар 200 ҳазор гектар кишти пунбадона ба анҷом расидааст.
Дар маҷмуъ, соли равон дар вилояти Хатлон майдони умумии кишти пунбадона 128 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 1,3 ҳазор гектар бештар аст. Дар вилояти Суғд дар майдони ҳудуди 60 ҳазор гектар ва дар ноҳияҳои тобеи марказ дар майдони 12 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли равон деҳқонон бо назардошти обуҳаво аз 415 то 420 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварданианд.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта пунбадона дар майдони 204 ҳазор гектар кишт шуда буд, ки нисбат ба соли 2010 41,6 ҳазор гектар бештар буд. Соли гузашта кишоварзони ҷумҳурӣ беш аз 415 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, нақша 6,2% барзиёд иҷро ва бори нахуст дар давоми 20 соли истиқлолият аз ҳар як гектар 20,5 сентнер ҳосил ба даст оварда шуд.