Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-апрели соли равон 1 млрд. 657 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 10,8% ё худ 162 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 728 млн. доллари ИМА шудааст.
Дар ин давра Тоҷикистон бо 83 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва 73 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.
Дар давраи сипаришудаи соли равон ҳаҷми содироти мол 464 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,7% ё худ 44 млн. доллари ИМА камтар аст.
Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 1 млрд. 193 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 20,9% ё худ 206 млн. $ бештар аст.
Дар зарфи чор моҳи аввали соли равон ҳаҷми содироти нахи пахта ба миқдори 12,2%, фулузоти арзон ва маснуоти онҳо – 30,8%, маҳсулоти тайёри ғизоӣ – 63,6% ва маҳсулоти гуногуни саноатӣ – 89,8% коҳиш ёфтаанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти воситаҳои нақлиёт се баробар, маҳсулоти растанӣ – 65,6%, маҳсулоти тайёри ғизойӣ – 13,2 афзудааст.
Аз рӯйи ҳаҷми умумии содироти мол дар соли 2011 шарикони асосии Тоҷикистон кишварҳо зеринанд: Туркия – 40,8%; Чин – 18,3%, Афғонистон – 9,1%.
Воридоти мол асосан аз Русия – 25,5%, Қазоқистон – 16%, Чин – 9,4% ва Ҷазираҳои Виргиния – 6,6% сурат гирифтааст.