spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Баррасии масоили идоракунии корпоративии ширкатҳои ОМ дар Душанбе


Дар ҷараёни тренинги дурӯза, ки мирӯз дар Душанбе ба кор оғоз кард, намояндагони наздик ба 40 ширкату ташкилотҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба масоили дар ширкатҳо ташкил кардани шӯрои мудирони пурсамар табодули таҷриба ва изҳори назар мекунанд.

Чорабинӣ аз ҷониби Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) бо мақсади кӯмак ба ширкатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар такмили низоми идоракунии корпоративӣ, беҳбуди фаъолияти корбурди онҳо ва осонкунии дастрасӣ ба маблағгузорӣ созмон дода шудааст.

Ба гуфтаи намояндагони IFC, чорабинии мазкур ҳамчун як қисмати стратегияи IFC оид ба тақвияти имконот дар маҳалҳо барои фирмаҳои машваратӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ бо шумули бонкҳои Қирғизистону Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ маҳсуб ёфта, минбаъд онҳо ба ширкатҳои маҳаллӣ ва бонкҳо оид ба масоили беҳбуди идоракунии корпоративӣ кӯмак мерасонанд.

Муовини раиси Иттиҳодияи бонкҳои Тоҷикистон Валерий Ким мегӯяд, баргузории тренинги мазкур хеле саривақтист, зеро дар кори он ба ҷуз бонкҳо ва ташкилотҳои бузурги молиявии хурд, ҳамчунин Маркази байнибонкии тренингӣ низ ширкат меварзад, ки минбаъд оид идоракунии коропративии ташкилотҳои молиявӣ ва корпоратсияҳои бузург дар Тоҷикистон маълумоти касбӣ пешниҳод мекунад.

Дар ҳамин ҳол, президенти Иттифоқи бонкҳои Қирғизистон Анвар Абраев дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» гуфт, тез-тез созмон додани ба ин монанд чорабиниҳо аз манфиат холӣ нест. «Чунин вохӯриҳо хеле муфиданд, зеро барои шиносоӣ бо таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя дар масъалаи ҷорисозии идоракунии корпоративӣ ва табодули таҷриба дар ин самт имконоти хуб муҳайё мегардад», – гуфт ӯ.

Ба қавли менеҷери лоиҳаи IFC Сергей Трипутеня, шӯрои мудирони ҳирфавӣ яке аз таркибҳои калидии низоми қобили қабули идоракунии корпоративӣ аст. «Таъмини шаффофият ва беҳбуди сатҳи касбии аъзои шӯрои мудирон бояд самтҳои афзалиятноки фаъолияти ширкатҳо бошанд», – таъкид кард номбурда.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...