Дар доираи баргузории Ҷаласаҳои Шӯрои байниҳукуматӣ лоиҳаи “CASA-1000” ва сафари худ ба Аморати Муттаҳидаи Араб вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ як қатор вохӯриҳои судманд анҷом дод.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, аз ҷумла бо Раиси гурӯҳи ширкатҳои «Ал-Шафар» – шайх Аҳмад Абдуллоҳ Ал-Шафар, Раиси гурўҳи ширкатҳои «Amanie Advisors» – доктор Монд Довуд Бакр, намояндаи агентии сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) бо идораи асосӣ дар Абу Даби – Йонг Ченг ва дигар сармоягузорон ва донорҳо вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохурӣ имконияти ҷалби сармоя ба соҳаҳои энергетика ва саноати Тоҷикистон, бахусус бунёди корхонаҳои муштарак оид ба коркарди меваву сабзавот, пахта, пўст, пашм мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар мавҷуд будани ашёи хом, аз ҷумла пахта, ки заминаи асосӣ барои рушди коркарди ин қабил маҳсулот мебошад, барои ташкили чунин корхонаҳо мусоидат хоҳад кард.
Сармоягузорон ва ширкатҳои кишварҳои араб иброз доштанд, ки бо мақсади омўзиш ҳамкориҳо дар соҳаҳои зикргардида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард.