Аз оғози сол нархи бензин дар шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна 10% поин рафт.
Бино ба маълумоти мониторинги Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ахири моҳи декабри соли 2011 арзиши 1 литр бензини навъи Аи-92 ба 6,75 сомонӣ ва Аи-95 ба 7,50 сомонӣ баробар буд. Айни замон арзиши онҳо мутаносибан то 6,20 ва 6,60 сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, арзиши бензин аз оғози сол тамоили пастравӣ доштааст. Масалан, ахири моҳи феврал нархи миёнаи бензин дар пойтахт аз 6,80 сомонӣ зиёдтар набуда, моҳи март бошад, он боз 10 дирам коҳиш ёфтааст.
Тавре аз Хадамоти зиддиниҳисории назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, сабаби коҳиши нархи бензин мувозинати талабот ва пешниҳод дар бозор аст. «Сабаби асссии пойинравии нархи бензин ҳархеласозии манбаъҳои воридот ва коҳиши истифодаи маводи сӯзишворӣ мебошад. Ба гунаи мисол, аксари автомашинаҳо айни замон ба истифода газ мегузаранд. Ғайр аз ин, ҳаҷми воридоти маводи сӯзишворӣ аз Туркманистон афзоиш ёфта, истеъмолгарон низ ба истифодаи сарфакоронаи бензин пардохтаанд», – гуфтанд дар хадамот.
Дар хадамоти зиддиинҳисорӣ изҳор карданд, ки ояндаи наздик дар бозори ҷумҳурӣ камбуди маводи сӯзишворӣ пешбинӣ намешавад, ки он низ ба коҳиши арзиши он таъсиргузор аст. Дар ҳамин ҳол, миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нархи бензин дар Тоҷикистон аз ҳама баландтарин аст.