Санаи 23-юми май дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона машварати вазирони молияи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад. Дар кори машварат муовини вазири молияи Тоҷикистон Шавкат Соҳибов иштирок мекунад.
Дар машварат баррасии вазъи иқтисоди миллии кишварҳои узви иттиҳод ва ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои минбаъда баҳри расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар назар аст.
Машварати вазирони молияи кишварҳои узви ИДМ дар чаҳорчӯби Ҳамоиши V-уми иқтисодии Остона баргузор мешавад, ки ба баррасии масоили таҳдидҳо ва дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон дар шароити тағйироти глобалӣ бахшида шудааст. Дар кори машварат беш аз 6,5 ҳазор вакилон аз 85 кишвари дунё ширкат меварзанд.
Ба сурати умум барномаи ҳамоиш беш аз 40 чорабиниҳои гуногунро дарбар мегирад. Дар ҳошияи кори ҳамоиш таҳти унвони «Роҳи инноватсионии тиҷорат ба иқтисоди рақобатпазир» конгресси инноватсионӣ баргузор мешавад, ки ҳамчунин аз ҳамоиши энергоэкологӣ дар мавзӯи «Ташаббусҳои энергоэкологии Қазоқистон» иборат аст.