Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд дар маҷлисгоҳи қаҳвахонаи “Хушбахтӣ” натиҷаҳои тадқикот оиди омӯзиши “Потенсиали маҳсулотҳои органикии дар Тоҷикистон истеҳсолшуда” баррасӣ мегардад.
Чорабинии мазкур дар доираи барномаи “Осиёи Марказӣ -Инвест II” аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятии “Суғдагросерв Мушовир” дар якҷоягӣ бо намояндагии Hilfswerk Austria International дар Тоҷикистон ва бо кӯмаки молиявии Иттиҳоди Авврупо гузаронида мешавад. Барнома барои мусоидат намудан ба ҳамроҳшавии минтақаи Осиёи Марказӣ бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ равона шудааст.
Дар чорабинии мазкур намояндагони сохторҳои давлатии дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятии хориҷиву ватанӣ ва ҳамчунин корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ширкат меварзанд.
Ба ҳайси мутахасиссон Абдулатиб Ҳалдаров – яке аз муаллифони тадқиқоти мазкур, машваратчии баёналхалқӣ, мутахассис оид ба истеҳсол ва сертификатсиякунонии маҳсулотҳои органики ташкилоти Швейтсариагӣ – Хелветас Свисс Интеркооперейшен, Маҳинахон Сулаймонова – роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятии “Суғдагросерв Мушовир” баромад мекунанд.
Мақсади асосии ин чорабинӣ баррасии натиҷаҳои бадастомада дар чаҳорчӯбаи тадқиқоти гузаронидашуда ба намояндагони ташкилотҳои дар соҳаи кишоварзии мамлакат фаълоятбаранда мебошад.
Дар рафти гузаронидани ин тадқиқот муаллифон ба то чӣ андоза истеҳсоли маҳсулотҳои
органикӣ дар шароити Тоҷикистон қобили иҷро аст ва оё деҳқонони тоҷик аз истеҳсоли
маҳсулоти органикӣ метавонанд, ки даромади устовор ба даст оваранд ва он барои беҳтар
намудани шароити зисти онҳо мусоидат кунад, диққат додаанд.
Имрӯз дар Тоҷикистон фақат пахтаи органикӣ истеҳсол мешавад. Ҳол он ки имкониятҳои
бисёр хуб барои истеҳсоли органикии меваҳо, буттамевагиҳо, чормағзиҳо, лӯбиёгиҳо ва
сабзавот мавҷуд аст. Дар ҳамаи ҳолатҳо “деҳқони органикӣ” назар ба “деҳқони анъанавӣ”
камтар зарар мекашад, вале зиёдтар даромад мегирад.