Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишномаи бурсӣ миёни Тоҷикистону Бонки осиёгии рушд (БОР) оид ба лоиҳаи «Азнавсозии дастгоҳи кушоди тақсимотии 500 кВ дар НБО-и «Норак»-ро тасдиқ намуд. Созишномаи мазкурро ҷонибҳо ҳанӯз моҳи декабри соли 2007 ба имзо расонида буданд.
Зимни шарҳи муҳтавои шартнома ба вакилон муовини раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Сӯҳроб Раҳмов қайд кард, ки бо назардошти хусусиятҳои техникӣ, муҳлати ҳадди ниҳоии истифодаи таҷҳизоти мазкур 35 солро ташкил дода, он дар нерӯгоҳ соли 1982 насб гардида буд. «Ғайр аз ин, замини зери дастгоҳи мазкур мавриди таҳшиншавӣ қарор гирифтааст, ки метавонад ба пурра корношоям гардидани дастгоҳ пас аз 2-3 сол боис гардад», – гуфт вай.
Ба гуфтаи Раҳимов, БОР баҳри атабиқи лоиҳа 54,7 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад. «Тибқи натоиҷи тендер ширкати олмонии «Аустон» паймонкори кулли лоиҳа интихоб шуда, он ба анҷоми амалисозии лоиҳа то ахири соли 2013 уҳдадор шуд», – таъкид дошт номбурда.
Дар ҳамин ҳол, вакили парлумон, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов лоиҳаи «Азнавсозии дастгоҳи кушоди тақсимотии 500 кВ дар НБО-и «Норак»-ро барои таъмини минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ва корхонаи «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) муҳим арзёбӣ намуд. «Ғайр аз ин, бидуни амалисозии лоиҳаи мазкур татбиқи лоиҳаи минтақавии CASA-100 ҳеҷ маъное надорад», – афзуд раиси ҲКТ.