Рӯзҳои 7-9-уми июни соли равон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳ-ярмаркаи «ИнтерЛегПром-2012» доир мегардад.
Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ интизорӣ доранд, ки дар он ба ҷуз корхонаву ширкатҳои ватанӣ, ширкатҳои муваффақи хориҷӣ низ ширкат меварзанд.
Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷорӣ намудани технологияи муосир дар бахши саноати сабук аст. Дар доираи кори намоишгоҳ ҳамчунин дар мавзӯъҳои гуногун мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, дар намоишгоҳ технологияву таҷҳизот барои саноати сабуку корхонаҳои бофандагӣ, таҷҳизоти коркарди нахи пахта, чарм, абрешим, рангҳои молиданӣ, воситаҳои кимиёвӣ, матоъҳои гуногун, ришта, сарулибосу пойафзол, мебел барои хонаву идора, намунаҳои ҷиҳози бандубаст ва нишонагузорӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки Намоишгоҳи байнулмилалии саноати сабуки «ИнтерЛегПром» соли шашум аст, ки мунтазам дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Соли гузашта низ он аввали моҳи июн дар «Кохи Борбад» доир гардида буд. Соли гузашта дар намоишгоҳ маҳсулоти беш аз 30 ширкатҳо аз Русия, Чехия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Туркия, Чин ва корхонаҳои ватанӣ пешкаш гардида буд.