Чанде қабл вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов як гурӯҳи намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти сарварии Ҷонатан Даннро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқоти ҷонибҳо масоили ҷараёни иҷрои буҷети давлатии соли 2012, лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2013 ва барои давраи миёнамуҳлат, хароҷоти буҷет ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, андешидани чораҳо барои афзудани даромад ва масоили дигари сиёсати умумӣ баррасӣ шуданд.
Дар доираи амалисозии Барномаи ХБА дар Тоҷикистон Ҷонатан Данн оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои назоратии пешбинишуда дар сиёсати фискалӣ ва макроиқтисодӣ ибрози андеша намуд.
Ҷонибҳо ба баррасии масоили сиёсати молияву андоз, аз ҷумла чораҳои андешида ҷиҳати анҷоми таҳияи лоиҳаи Кодекси нави андоз, масоили марбут ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», вазъу дурнамои ҷараёни пардохти қарзҳои хориҷии ҷумҳурӣ ва муносибати дуҷнибаи кишвар бо созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ва бонкӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
С.Наҷмиддинов зикр кард, ки дар тамоми муддати муносибатҳо бо ХБА, аз ҷумла дар қисмати баргузории ислоҳот дар бахшҳои молиявӣ комёбиҳои назаррас ба даст оарда шуданд. Ӯ изҳори боварӣ кард, ки минбаъд низ ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ХБА дар асоси сиёсати созанда рушду тақвият хоҳанд ёфт.