Тоҷикистон маркази дар ҳоли рушд қарордоштаи содироти дубораи ғайрирасмии маҳсулоти Чин дар минтақаи Осиё Марказӣ мебошад. Дар ин бора зимни муаррифии гузориши «Тамоилҳои савдои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ» дар Душанбе сармутахассиси илмии Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва сиёсати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Роман Могилевский иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай, соли 2010 ҳаҷми содироти дубораи ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон тақрибан 710 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки ба 70%-и содироти расмии ҷумҳурӣ баробар аст, зеро соли 2010 Тоҷикистон дар ҳаҷми каме бештар аз 1,1 млрд. доллари ИМА маҳсулот содирот намуда, соли гузашта ҳаҷми содироти дубора боз бештар гардидааст.
Могилевский таъкид кард, ки соли 2010 дар маҷмӯъ ҳаҷми содироти дубораи ғайрирасмӣ дар минтақа 4,6 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳаҷми содироти расмии минтақа дар ин сол ба 4,8 млрд. доллари ИМА баробар будааст.
Ӯ қайд кард, ки Қирғизистону Тоҷикистон асосан ба содироти дубораи маҳсулоти саноати сабук ба Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Русия ва чанде аз кишварҳои дигар машғул мебошанд.
Номбурда ҳамчунин таъкид кард, ки паҳлӯи манфии савдои ғайрирасмӣ возеҳу аён аст, зеро ҳар кадоме аз ин кишварҳо аз ба даст овардани даромад аз андозҳои зиёде маҳрум мешаванд. «Аммо ба туфайли савдои ғайрирасмӣ одамон ба маҳсулоти нисбатан арзонтар дастрасӣ пайдо карда, ҳамчунин бо ҷойи кор таъмин мегарданд», – изҳор кард Могилевский.
Могилевский бар ин назар аст, ки дар сурати аз байн бурдани савдои ғайрирасмӣ вазъи иҷтимоии шумори назарраси аҳолӣ бад гардида, оилаҳои камбизоат ва қишри осебпазири ҷомеа ба душвориҳои зиёд дучор мегарданд.