Дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ ба вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,7 % (58 млн. $) афзуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд хабар доданд, дар зарфи шаш моҳи соли равон сокинони вилояти Суғд, ки асосан муҳоҷирони корӣ мебошанд, аз хориҷи кишвар ба вилоят тавассути бонкҳо 438 млн. $ маблағ фиристодаанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта аз хориҷи кишвар ба минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 380 млн. $ маблағи пулӣ интиқол гардида буд.