Дар ҷараёни ба узвият пазируфтани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо як қатор кишварҳо талаботҳои сиёсӣ пеш мегузоранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар робита ба ин масъала хабар доданд, шомил гардидан ба ҳайати ин созмон раванди хеле дуру дароз аст. «Пешравиҳо ҳастанд ва мо тадриҷан ба ҳадаф наздик мешавем, – зикр карданд дар вазорати мазкур. – Сарфи назар аз созмони сирф иқтисодӣ будани Созмони ҷаҳонии савдо, як қатор кишварҳо ба мо талаботҳои сиёсӣ пеш мегузоранд Табиист, ки мо ин талаботро иҷро карда наметавонем. Аз ин рӯ, баъзан чунин ҳолатҳо ба дарозо кашидани ин ҷараён боис мегарданд».
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таъкид карданд, ки Тоҷикистон ҳанӯз соли 2001 хоҳиши узвият ба ин созмонро изҳор карда буд. «Тӯли ин солҳо ҳайати ҳукумат ҳашт марҳилаи гуфтушунид дар ин хусусро анҷом дод», – гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳар як марҳилаи гуфтушунид доир ба ҳамоҳанг сохтани қонунгузории ҷумҳурӣ бо қоидаҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат пешниҳоду тавсияҳои нав гузошта мешаванд. «Агар мо ба ин созмон ворид шуданӣ бошем, бояд 155 қоидаҳои умумӣ барои кишварҳои узви созмонро қабул намоем», – гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки аввали соли 2001 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи манфиатдории Тоҷикистон ҷиҳати узвият ба Созмони ҷаҳони савдо ибрози андеша намуд. Моҳи июни соли 2001 дар робита ба мактуб-дархости ҷумҳурӣ Шӯрои генералии Созмони ҷаҳонии савдо ба кишвар мақоми нозирро дода, роҷеъ ба таъсиси гурӯҳи корӣ барои баррасии масъалаи узвияти Тоҷикистон ба ин созмони бонуфуз қарор қабул кард