Ҳукумати Покистон тасмим гирифт, ки ба Тоҷикистон 30 ҳазор тонна шакарро бо арзиши 597,90 $ барои як тонна бифурӯшад ва ин қимат нисбат ба нархи бозори ҷаҳонӣ 20 $ поинтар аст, – менависад The Express Tribune.
Бино ба маълумоти нашрияи покистонӣ, ин иқдом дар робита ба дархости нахуствазири Тоҷикистон ба ҳукумати Покистон бобати фурӯши чунин ҳаҷми шакар бо нархи қобили қабул рӯи кор омадааст.
Сарфи назар аз ҷорӣ шудани маҳдудият дар содироти шакар аз Покистон дар соли 2009, санаи 7-уми августи соли равон Кумитаи ҳамоҳангсозии Покистон ба таври истисноӣ дар бораи қонеъ сохтани дархости Тоҷикистон қарор қабул кард. Аммо Тоҷикистон хароҷоти марбут ба ҳамлу нақли маҳсулотро ба дӯш мегирад.
Айни замон дар бозори дохилии Покистон арзиши як тонна шакар ба 617,90 доллари ИМА баробар аст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Созмони ғизо ва кишоварзии СММ, шурӯъ аз моҳи июл дар саросари ҷаҳон тамоили афзоиши босуръати нархи шакар ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти созмони мазкур, моҳи июли соли ҷорӣ арзиши шакар дар бозори ҷаҳонӣ ба андозаи 12% афзудааст.