Дар шаҳри Қарочии Покистон зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов бо раиси Бонки миллии ин кишвар Қамар Ҳусайн масоили рущди минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаи бонкӣ миёни кишварҳо баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дипломати тоҷик изҳор доштааст, ки миёни кишварҳо баҳри рушди ҳамкориҳои мутақобила дар бахшҳои тиҷорату молия имконоти назаррасе мавҷуд аст. Ба андешаи Зубайдов, дар ин робита, Бонки миллии Покистон метавонад нақшаи дурнамои рушди ҳамкориҳои ҷавобгӯи манфиатҳо ҳар ду кишварро доро бошад.
Дар навбати худ, Қ.Ҳусайн таъкид доштааст, ки ифтитоҳи намояндагии Бонки миллии Покистон дар шаҳри Душанбе моҳи марти соли равон бо фонди оинномавии 50 млн. сомонӣ ба рушди муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо такони ҷиддӣ бахшид.
Ба гуфтаи Қ.Ҳусайн, намояндагии Бонки миллии Покистон дар ҳамдастӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои манфиатдор сармоягузорӣ ба як қатор бахшҳои махсуси соҳибкорӣ дар ҷумҳуриро оғоз намудааст.