spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Буҷети давлатии соли оянда каме дертар қабул мешавад


Буҷети давлатии соли ояндаро ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти муқаррароти Кодекси нави ҷумҳурӣ таҳия мекунад.

Дар ҳамин ҳол, кумитаҳои палатаи поёнии парлумон баррасии лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири навро аллакай ба итмом расонида, бо пешниҳоди президенти ҷумҳурӣ он бояд дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон ҳафтаи оянда – рӯзи 5 сентябр мавриди баррасӣ қарор гирад.

Дар робита ба ин масъала узви Кумитаи МН МО ҶТ оид ба буҷет, молия ва андоз Исмоил Талбаков изҳор кард, ки ҳафтаи равон баррасии пешниҳодоти кумитаҳо ва вакилон дар назар аст.

«Маъмулан ҷаласаҳои палатаи поёнии парлумон пас аз таътили тобистона моҳи октябр оғоз мегарданд, вале имсол бо пешниҳоди президент баҳри суръат бахшидан ба ҷараёни қабули кодекси нав ва бо назардошти муқаррароти он аз ҷониби ҳукумат таҳия шудани буҷети соли оянда, ҷаласа аввали моҳи сентябр шурӯъ мешавад», – гуфт ӯ.

Номбурда таъкид кард, ки буҷети давлатии соли оянда аз ҷониби палатаи поёнии парлумон шояд каме дертар аз вақти маъмулӣ қабул гардад, зеро нахуст бояд Кодекси нави андоз ва бастаи асноди зерқонуни он қабул гардад. «Эҳтимол буҷети давлатӣ барои соли 2013 на нимаи моҳи ноябр чун ҳарвақта, балки нимаи моҳи декабр қабул карда шавад», – афзуд Талбаков.

Ёдрас мекунем, ки санаи 30-юми июл дар ҷаласаи ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав баррасӣ шуд. Мутобиқи муқаррароти он, шумори андозҳо дар кишвар аз 21 то ба 10 номгӯй кам карда мешавад. Кодекси нави андоз марҳила ба марҳила, шурӯъ аз соли 2013 то соли 2017 мавриди амал қарор дода мешавад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...