Ахири ҳафтаи гузашта зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо вазири федералии рушд ва ҳамкории иқтисодии Олмон Дирк Нибел масоили имконоти ҷалби сармоягузории Олмон ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, ҷалби ширкатҳои бузурги Олмон дар татбиқи лоиҳаву барномаҳои ҳаётан муҳим, рушди иқтисод ва тиҷорат, энергетика ва саноат, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тандурустӣ, таҳсилоти касбӣ ва рушди инноватсия аз масъалаҳои калидӣ ва баррасишавандаи мулоқот буданд.
Ба иттилои манбаъ, дар анҷом ҷонибҳо атрофи нақшаю тадбирҳои мутақобилан судманд ибрози назар намуданд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ Дирк Нибелро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуда, таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва нақлиётию транзитӣ бо назардошти имконоти фарохи бозорҳои Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ зоҳир карда шуд.
Дирк Нибел таъкид дошт, ки Олмон ба дастгирии лоиҳаҳои зербиноии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, ки ба рушди кулли минтақа нигаронда шудаанд, манфиатдор аст.