Вазорати молияи Тоҷикистон ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо таъминоти транш дар миқдори 6 млн. 287,5 ҳазор евро барои дастгирии буҷаи ҷумҳурияв иро эълон карданд.
Тавре аз намояндагии ИА дар Тоҷикистон хабар доданд, пардохти транш шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон шарт ва талаботҳои барнома, яъне ба даст овардани беҳбудиҳо дар соҳаи идораи давлатии молиявӣ ва татбиқ намудани баъзе чорабиниҳои ислоҳотӣ дар бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро қонеъ гардонд. Транши мазкур дар чорчӯбаи Барномаи дастгирии рушди инсон пардохт карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, барномаи сесолаи дар боло зикркардашуда бо маблағи зиёда аз 26 млн. евро ба масоили зерин мусоидат хоҳад намуд: 1) пеш бурдани ислоҳот дар бахши хизматрасонӣ бо афзалият ба тақвият додани кӯмаки аввалияи тиббии санитарӣ, беҳбудии идора ва маблағгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ, 2) чорчӯбаи самараноктари сиёсат ва идораи нафақа, 3) самарабахшии мукаммали хароҷотҳои давлатӣ дар соҳаҳои дар боло зикршуда тариқи беҳбудии идораву ҷавобгарии молиявӣ ва шаффофият ва 4) шарикии ботаркиби бахшҳои хусусиву давлатӣ бо иштироки фаъолонаи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар хизматрасонии иҷтимоӣ.
Ҷаноби Наҷмиддинов, вазири молия таъкид намуд, ки Тоҷикистон аз ин пас низ барои амалигардонии бомуваффақияти барнома ҷидду ҷаҳд хоҳад намуд.
Ҷаноби Эдуард Ауэр, сафир, роҳбари намояндагии ИА бар он ақидааст, ки «пардохти 6 миллион евро – ифодакунандаи дастгирии давомёбандаи ИА ба дурнамои ҳукумати Тоҷикистон оиди ислоҳоти соҳаҳои тандурустӣ ва иҷтимоӣ ва барномаи пасткунии сатҳи камбизоатӣ мебошад».
Ҷаноби Ауэр илова кард, ки «илова бар таъминкунии кӯмаки машваратии тақвияти потенциали муассисаҳои стратегӣ, намояндагии ИА ҳамкории зичро бо ҳукумат дар ислоҳоти равандҳои сиёсати асосӣ идома хоҳад дод».