Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) лоиҳа оид ба беҳбуди сатҳи саводнокии аҳолии Тоҷикистон аз нигоҳи масоили молиявиро амалӣ карданист.
Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ин лоиҳа ба беҳбуди сатҳи саводнокии молиявии аҳолии кишварҳое, ки дар онҷо рӯзгори қисмати зиёди мардум ба маблағҳои интиқолшуда аз хориҷи кишвар вобаста асту ҳаҷми пасандоз ва бахши молиявӣ ҳанӯз дар сатҳи паст қарор доранд, нигаронида шудааст.
Cоли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои шахсони вқеӣ ба ҷумҳурӣ ба 3 млрд. доллари ИМА баробар шуданд, ки 50 %-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкл доданд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ барои соли 2012, ҳамагӣ 3%-и аҳолии калонсоли Тоҷикистон дар муассисаҳои молиявии расмӣ суратҳисоб дошта, боз аз ин миқдор камтари мардум пасандозҳои худро дар муассисаҳои молиявӣ нигоҳ медоранд.
Гуфта мешавад, то ки мардум минбаъд маблағҳои пулиашонро дар зери кӯрпа пинҳон насозанду онҳоро дар бонк нигоҳ доранд, шояд тадбирҳои оддӣ андешида шаванд, ки минбаъд ба беҳбуди вазъи умумии молиявӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад намуд.