Нашрияи ӯзбекии «Ҳаракат» иттилоъ медиҳад, ки ширкатҳои хориҷии боркашонӣ ба интиқоли масолеҳи сохтмон аз Эрон ба Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» машғуланд, вале соҳибкорони эронӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки нуқтаи таъиноти аслии борро пинҳон созанд.
Нашрия менависад, ширкатҳои хориҷӣ бахусус ба сохторҳои бузургҳаҷм аз металл ба андозаи то 50 метри мураббаъ таваҷҷуҳ зоҳир сохтаанд, ки минбаъд дар сохтмони иншооти нерӯгоҳ истифода мешаванд.
«Баъзе ширкатҳо аз корхонаҳои мошинсозии Ҷопон дар Эрон интиқоли ин сохторҳои металлиро мустақиман анҷом медиҳанд ва танҳо баъди гузашти чанд муддате онҳо аллакай бо ҳуҷатҳои дигар ба Тоҷикистон оварда мешаванд. Мувофиқи асноди ҳамлу нақли бор, ки аз ҷониби истеҳсолкунандагони ҷопонӣ тартиб дода шудааст, ирсолкунандаи сохторҳои металлӣ ширкати ҷопонии «SHINJUKU TATSUMI BLDG» буда, мувофиқи асноди эрониҳо бошад, ин сохторҳо ҳамчун масолеҳи сохтмони шаҳрвандӣ унвон мешаванд», – муътақид аст муаллифи маводи нашрия.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки моҳи июли соли равон то анҷоми ташхиси Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистон идомаи кор дар нерӯгоҳи «Роғун»-ро мутаваққиф кард. Аз моҳи феврали соли 2011 Бонки ҷаҳонӣ ба санҷиши лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳ аз нигоҳи фанниву иқтисодӣ ва таъсири он ба муҳити зисту экология машғул буда, иштироки ин ниҳоди молиявӣ дар амалисозии лоиҳа ба натоиҷи санҷиш вобаста аст. Мониторинг аз ҷониби ширкати швейтсарии Poory Energy Ltd гузаронида мешавад.
Ёдрас мекунем, ки кишвари ҳамсояи Ӯзбекситон мухолифи сарсахти сохтмони сарбанди баландтарини 330-метраи нерӯгоҳи «Роғун» аст. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон ният дорад, ки ин лоиҳаро амалӣ сохта, ба содироткунандаи асосии барқи минтақа ба Афғонистону Покистон табдил ёбад.