Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» дар ҷашни Рӯзи ҳавопаймоии шаҳрвандии Тоҷикистон, ки санаи 3-юми сентябр таҷлил гардид, ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон як ҳавопаймои аз истифода бозмондаро тақдим намуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр», ҳавопаймои тақдимшуда барои донишҷӯён ҳамчун дастури таълимӣ истифода хоҳад гардид.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳавопаймо муддати 20 сол дар ширкат истифода шуда, ба хатсайрҳои самти Душанбе-Бишкек, Душанбе-Алма-Ато ва Душанбе-Хоруғ парвозҳо анҷом медод. Солҳои ахир он дар парвозҳои омӯзишиву тамринӣ мавриди истифода қарор мегирифт.
Зикр гардид, ки барои омӯзиш ба Донишгоҳи техникӣ ҳамчунин муҳаррик, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти ҳавопаймоҳои навъи Ту-154, Як-40 ва чархболи Ми-8 низ тақдим карда шуданд.