Иттиҳоди Аврупо кӯшишҳои Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди баргузории ташхиси мустақили байнулмилалии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун»-ро дастгирӣ мекунад, – изҳор доштааст роҳбари дипломатияи ИА Кэтрин Эштон.
«Намояндаи воломақоми ИА (оид ба умури хориҷӣ ва сиёсати амният) аз кӯшишҳои Бонки ҷаҳонӣ дар масъалаи таъмини баргузории ташхиси мустақили фаннии лоиҳаи пешниҳодшудаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» пуштибонӣ намуда, бесаброна натоиҷи онро интизор аст», – гуфта шудааст дар иттилоияи воридшуда ба хабаргузории РИА «Новости».
Дар иттилоияи мазкур ҳамчунин аз доир кардани «таҳқиқоти иловагии воситаҳои алтернативии таъмини амнияти энергетикӣ барои минтақа» аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ истиқбол карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки мухолифи сарсахти сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон аст. Имконоти фаннӣ ва таъсири иҷтимоиву зистмуҳитии он чандин маротиба санҷида шуда, ягон маротиба баҳои манфӣ нагирифтааст.