Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Хадамоти алоқа барои истифода аз рақам маблағ меситонад - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Хадамоти алоқа барои истифода аз рақам маблағ меситонад

21
21



Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ аз ширкатҳои мобилӣ талаб кард, ки аз 1 июл барои истифода аз рақам дар ҳаҷми 80 дирам пардохти моҳона ҷорӣ созанд.

Ширкатҳои мобилӣ дар сомонаҳои расмии худ дар ин бора хабар додаанд, ки дар асоси Фармоиши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1-649 аз 09.06.2015с. ва Нархномаи ҳаққи пардохти захираҳои рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Хадамоти алоқаи тасдиқ карда шуда, бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст, аз санаи 01.07.2015с. пардохти муштарӣ барои истифодаи ҳар як рақам ба андозаи 80 дирам муқаррар карда мешавад.

«Хоҳишмандем ба инобат гиред, ки пардохти муштарипулии моҳона алоҳида барои ҳар як рақаме, ки Шумо аз он истифода мебаред, ситонида мешавад», – омадааст дар маълумоти ширкатҳои мазкур.

Тибқи маълумоти ахир, дар Тоҷикистон бо аҳолии беш аз 8 млн. нафар айни замон 11, 2 млн. муштариёни ширкатҳои алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумор сим-кортҳои ҳудуди 6,5 млн. нафарашон фаъол будаанд.

Бино ба маълумоти ҶДММ «Вавилон-Т», бо фармоиши Хадамоти алоқа, ки дар газетаи «Садои мардум аз 26.05.2015 сол №72 (3373) нашр шудааст, аз 1 июли соли 2015 дар тамоми нақшаҳои тарифӣ, аз ҷумла телефонҳои статсионарӣ (хонагӣ)) ва рақамҳои NGN бо назардошти андозҳо барои ҳар як рақам 50 дирам пардохти моҳона муқаррар шудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...