Коркардҳои илмии замонавӣ ба инсон чизҳои зиёди муфидро тақдим кардаанд, ба мисли алоқаи мобилӣ, Интернети беноқил, техникаи «доно». Ин чизҳо кайҳо боз дар зиндагии ҳамарӯзаи мо истифода мешаванд. Дар қатори навгониҳои намоёни илмӣ, махсусан технологияи тасвири пикселиро қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз дар навъҳои гуногуни дисплею мониторҳо ба таври васеъ истифода мешавад.
LG телевизори нави 4K OLED TV-ро муаррифӣ менамояд, ки дар он технологияи тасвири пикселӣ ба дараҷаи комил истифода шудааст.
Бори аввал дар бораи технологияи тасвири пикселӣ аввали солҳои 80-уми қарни гузашта ҳарф зада буданд. Маънои калимаи «пиксел»-нуқта буда, тасвир аз шумораи муайяни нуқтаҳо мураттаб меёбад. Аввалин тасвирҳои пикселӣ дар истеҳсолоти компютерӣ истифода шуда, ҳамагӣ андозаҳои 16×16 ва 24×24-ро доштанд. 30 сол пеш ин иқдоми бузурге буд дар соҳаи намоиши тасвир. Ширкати LG имрӯз ба бозор телевизори OLED 4K TV баровард, ки сареҳии тасвираш ба 3840х2160 пиксел баробар аст ва ин дар айни замон нишондиҳандаи беҳтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Баъд аз тамошои филмҳои дўстдошта ва барномаҳои телевизионӣ тавассути телевизори LG 4K OLED TV касро ҳиссиёти гуворои фаромушнашаванда фаро мегирад. Сареҳии амиқ ва нотакрории тасвир аз ҳисоби технологияҳои инноватсионӣ ба даст меоянд.
Модели телевизори EG960V
дорои технологияи дисплее мебошад, ки танҳо ба телевизорҳои OLED хос аст. Ба туфайли ин технология, 33 миллион пиксел дар экрани телевизор паҳн шуда, тасвири бағоят сареҳу возеҳро таъмин менамоянд. Ҳар як нуқтаи алоҳида сигнали равшанидиҳандаи худро ҳосил намуда, дар вақти лозимӣ онро кушта мегиронад. Ин рафти кор имкон медиҳад, ки тобишҳои рангҳоро ва махсусан ранги сиёҳро дар саҳнаҳои ториктарин ҳам ба таври возеҳ нишон диҳад. Тасвири 4К аз ҷиҳати сифат ва сарреҳӣ аз тасвири Full HD 4 маротиба авлотар аст. Технологияи OLED ба рангҳои экран дурахш мебахшад ва тасвирро воқеан зинда мегардонад. Шумо метавонед аз кунҷи дилхоҳ, бидуни таҳрифи рангҳо, тасвирро тамошо кунед ва ҳаловат баред.
Суръати баланди телевизорҳои OLED аз ширкати LG, ки аз ҳамин гуна нишондиҳандаи телевизорҳои LED сад ҳазор бор зиёд аст, имконият медиҳад, ки бо сареҳии тоза ва шаффофии амиқ тасвирро тамошо намоем.
Модели EG960V бо аудиосистемаи пешрави соҳаи садо – ширкати harman/kardon® тавъамандона мураттаб шуда, дорои технологияи садои ULTRA Surround ва Smart Sound, ҳамчунин дастгоҳҳои бенокили синхронизатсияи садоро доро мебошад. Технологияи поляризатсионии LG CINEMA 3D намоиши 3D –ро ба сатҳи тамоман нав мебарорад. Калонкунии чоркаратаи 3D-эффект тасвирро то ба дараҷае зинда мегардонад, ки он дар ҳақиқат воқеӣ метобад. Барои истифодаи боз ҳам қулай телевизор бо платформаи махсус барои Smart телевизорҳои webOS 2.0 муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дорои суръати баланди ҷўршавӣ ва интерфейси оммафаҳм мебошад.
Дар бораи ширкати LG Electronics
Ширкати LG Electronics Inc дар бозори ҷаҳонии электроникаи истеъмолӣ, алоқаи мобилӣ ва техникаи маишӣ пешрав ва истеҳсолкунандаи технологияҳои инноватсионӣ ба ҳисоб меравад. Ширкат 87 000 корманд дорад, ки дар 113 коргоҳ дар тамоми олам фаъолият мебаранд. Ҳаҷми фурӯши сартосарӣ дар 2014 сол, 53 млрд.доллари амрикоиро (58,14 трлн. вони кореяги) ташкил дод. Ширкати LG аз чор қисмати тиҷоратӣ – Home Entertainment, Mobile Communications, Home Appliance &, Air Solution ва Vehicle Components иборат буда, яке аз барандагони асосӣ оид ба истеҳсоли телевизорҳои ҳамворпанел, мошинҳои ҷомашӯӣ ва яхдонҳо мебошанд. Дар соли 2015 маҳсулоти LG Electronics сазовори 15 ҷоизаи International CES® Innovations Awards гардидааст.
Дар бораи LG Electronics Home Entertainment
Ширкати LG Electronics Home Entertainment дар бозори телевизорҳои ҳамворпанел, аудио-видеоплеерҳо барои сигментҳои истеъмолкунандагон ва бизнес пешрав ва пешбаранда ба ҳисоб меравад. Дар байни номгӯи маҳсулоти истеҳсолкунандаи LG Electronics Home Entertainment –телевизорҳои криссталҳои моеъ ва плазмавӣ, кинотеатрҳои хонагӣ, плеерҳои Blu-ray, дастгоҳҳои аудио ва видеоплеерҳо машҳуранд. Ширкат дастгоҳҳои бисёрфунксионалии шево ва баландҷабҳаи технологӣ истеҳсол менамояд, ки сифати вақтхушиҳои хонагиро ба сатҳи нав мебардоранд.