Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Кондитсионери нави LG Blowkiss беҳтарин техникаи иқлимӣ - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Кондитсионери нави LG Blowkiss беҳтарин техникаи иқлимӣ

21
21



Ширкати LG кондитсионери нави LG Blowkiss –ро пешниҳод менамояд, ки  дар байни техникаи  иқлимӣ  беҳтарин ба ҳисоб меравад.

Ҳангоми истеҳсоли маводи нав, кормандони ширкати LG пеш аз ҳама  нисбати  саломатии истифодабарандагони худ, бароҳатӣ  ва бофароғатии ҳар хонадоне, ки  техникаи LG дорад,  ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Кондинсионерҳои  навтарин дорои ҳамаи тавсифҳои  беҳтарини техникӣ, дизайни инноватсионӣ ва технологияҳои нодир мебошанд.

Ташаккули техникаи иқлимӣ   ҳанӯз дар давраҳои қадим оғоз ёфтааст. Бори аввал дигаргунсозии иқлими  ҳаворо   ҳазор сол пеш дар мамолики Форси қадим  озмоиш карда буданд. Сардгардонии ҳаво дар дастгоҳҳои онвақта  аз руи усули хунуккунии об дар вақти бухоршавии он ба амал меомад. Кондитсионери онвақта чоҳи бодкашеро  мемонд, ки дар дохилаш  зарфҳои ковокидори обдор  гузошта мешуданд ва ё об ҷорӣ мегардид ва бо зарби  бод он чоҳ аз ҳавои сарди рутубатнок пур гардида, дохили истиқоматгоҳ мешуд. Мутассифона, серунии ҷонбахшу руҳафзо   ба муддати зиёд намерасид.

Кондитсионерҳои LG бидуни харҷи иловагии қувваи барқ, қобилияти дар реҷаи сарфакорона кор карданро  доранд. Яке аз беҳтарини ин гуна кондитсионерҳо – техникаи нави LG Blowkiss мебошад. Функсияи  Jet Cool назар ба дигар  кондитсионерҳо  манзилро  то се баробар зудтар ва дар муддати 5 дақиқа  хунук  мекунад. Конструксияи беҳтаркардашудаи шикофии бодкаш  дар  мавриди баромаду даромад суръати гардиши дохилии ҳаворо  то ба 20 фоиз афзун менамояд. Кас метавонад  паҳншавии  ҳавои сард ва дараҷаи хунукшавиро таҳти назорат бигирад.

Кондиционери  LG Blowkiss – аввалинест, ки дорои функсияи автоматии тозакунии дастгоҳи мубодилаи гармӣ мебошад. Дар кондитсионерҳои оддӣ  ҳангоми ба охир расидани кор дар ин дастгоҳ намӣ боқӣ мемонад ва сабаби пайдоиш ва афзудани  бактерияву  бадбӯӣ мешавад.

Алҳол, беҳтарин дар соҳаи худ –  кондитсионерҳои  LG воситаи хуби профилактика ва  пешгӯии аллергия  ба ҳисоб меравад.  Ҳавополои  «Антибактерия»-и LG Blowkiss ҳаворо аз хурдтарин ҷузъҳои чангу ғубор ва ангезандаҳои аллергия  тоза менамояд. На фақат ҷузъиёти микроскопӣ ва чангу ғубор, бактерияву вирус, балки ҳашароти паразитӣ, чанги  пашми ҳайвоноти хонагӣ, ки  ангезандаи аллергия аст, бартараф карда мешаванд.

Боз як бартарии  ин кондитсионерҳо – ҳаракатовари инвертории барқи доимист. Бори аввал дар конструксияи компрессор оҳанрабои ноаён истифода  шудааст, ки кори кондитсионерро боз ҳам пурсамар менамояд.

Ширкати  LG  барои кондитсионерҳо компрессорҳои муътамаднокро истеҳсол  менамояд.  Кафолати иловагӣ ба  компрессорҳои кондитсионерҳои инверторӣ исботи ин  аст. Баъди харидани  кондитсионерҳо баъди 1 июн, барои кафолати 10-солаи  компрессор,  талони кафолат дода мешавад.

Технологияи нави ҳимояи автоматии системаи AVP имконият медиҳад, ки бастаҳои ноқилии  кондитсионер  аз пастубаландшавии нерӯи барқ  ҳимоя  карда шавад ва дар баробари ин  муҳлати истифодабарии кондитсионер дарозтар гардад.


Дар




бораи




ширкати


LG Electronics

Ширкати LG Electronics Inc дар бозори ҷаҳонии электроникаи истеъмолӣ, алоқаи мобилӣ ва техникаи маишӣ   пешрав ва истеҳсолкунандаи  технологияҳои инноватсионӣ ба ҳисоб меравад.  Ширкат 87 000 корманд дорад, ки дар 113 коргоҳ дар тамоми олам фаъолият мебаранд. Ҳаҷми фуруши сартосарӣ дар  2014 сол, 53,10 млрд. доллари амрикоиро (58,14трлн. вони кореягӣ) ташкил дод. Ширкати LG аз чор  қисмати тиҷоратӣ  – Home Entertainment, Mobile Communications, Home Appliance &, Air Solution ва Vehicle Components иборат буда, яке аз барандагони  асосӣ оид ба истеҳсоли телевизорҳои ҳамворпанел, дастгоҳҳои мобилӣ, кондитсионерҳо, мошинҳои ҷомашӯӣ ва яхдонҳо мебошанд.Дар соли 2015 маҳсулоти LG Electronics сазовори  15 ҷоизаи International CES® Innovations Awards гардидааст.  


Дар




бораи


LG Electronics Home Appliance & Air Solution

Ширкати LG Electronics Home  Appliance & Air Solution дар бозори техникаи маишӣ   пешрав ва пешбаранда ба ҳисоб рафта, маҳсулоти  шаклан зебо, аз нуқтаи назари экологӣ тоза ва  инноватсиониро пешкаш менамояд.

Дар байни номгӯи онҳо – яхдонҳо, мошинаҳои ҷомашӯӣ ва зарфшуӣ, техника барои  ошхона, чангкашакҳо   машҳуранд. Дастгоҳҳои маишии ширкати LG дар истифода хеле осонанд. Ширкат  пайваста  технологияи худро мукаммал мегардонад ва техникаи шевои маишии ба монанди аввалин  яхдони интрерактивӣ ва  ё мошинаи ҷомашӯии буғдорро пешкаши истеъмолкунандагон менамояд. Ба туфайли инноватсияҳо ширкати  LG дар сегменти техникаи маишии хонагӣ   дастгоҳҳои  бисёрфунксионалии шево ва баландҷабҳаи технологӣ истеҳсол менамояд ва мавқеи худро дар  ин ҷода  дар олам боз ҳам мустаҳкамтар менамояд. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...