Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) муттаҳид шуда, сохтори нави онҳо ШСХК «Ширкати ҳавонаврадӣ (авиатсионӣ)-и Тоҷикистон» ном дорад.
Дар ин бора қарори дахлдори ҳукумат ба имзо расида, вале директори генералии сохтори муттаҳилшуда алҳол таъин нагардидааст. Аз ин рӯ, айни замон вазифаи директори генералии ФБД ва ширкати «Тоҷик Эйр»-ро Рустам Холиқов ба уҳда дорад.
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 21 июли соли 2014, бо мақсади таъмини идоракунии пурсамари фаъолияти моливу иқтисодии ҶСК «Тоҷик Эйр», Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба як сохтори муттаҳида табдил ёфта, директори генералии ягонаи сохтори нав Рустам Холиқов таъин шуд.
Қобили зикр аст, ки қаблан «Тоҷик Эйр» дар бозори авиатсияи граждании ҷумҳурӣ монополист буд. Фурудгоҳҳо ва тамоми хадамоти заминӣ ба воҳидҳои сохтории «Тоҷик Эйр» шомил буданд.
Соли 2008 ҳукумат дар бораи азнавташкилдиҳии ширкати давлатии «Тоҷик Эйр» қарор қабул намуда, дар натиҷа фурудгоҳи Душанбе ва хадамоти заминии ширкат ба корхонаҳои алоҳида тақсим карда шуданд ва тайи солҳои ахир раҳбарияти ширкати «Тоҷик Эйр» аз ин тақсимот норозигӣ изҳор мекард.
Коршиносон бар ин назар буданд, агар ҳукумат ФБД ва «Тоҷик Эйр»-ро мутттаҳид созад, ин қарор вазъи молии «Тоҷик Эйр»-ро беҳтар мекунад, зеро солҳои ахир ширкат ба мушкилоти ҷиддии молӣ дучор гардида буд.