Дар доираи қарори ҳукумат Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) ба ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» 60% тахфиф ба ҳамаи хизматгузориҳояшро пешниҳод намуд.
Муовини директори генералии ширкати ҳавопаймоии ҶСК «Тоҷик Эйр» Икромҷон Мавлонов зимни нишасти хабарии имрӯза дар робита ба ин масъала гуфт, ин ташаббус дар доираи муттаҳидшавии «Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва табдили он ба ШСХК «Ширкати авиатсионии Тоҷикистон» сурат гирифтаааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» Азиз Иброҳимов, мувофиқи қарори ҳукумат, ФБД қарзҳои «Тоҷик Эйр» дар ҳаҷми 28 млн. сомониро бахшида, айни замон ширкати ҳавопаймоӣ назди фурудгоҳ 65 млн. сомонӣ қарздор аст. «Сарфи назар аз муттаҳидшавии сохторҳо, суратҳисобҳои онҳо гуногун боқӣ мемонанд», – таъкид дошт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, маблағгузории фурудгоҳ аз ҷониби «Тоҷик Эйр» беҳтар шудааст. «Масалан, агар солҳои пешин ҳаҷми яксолаи пардохтпулиҳо 3 млн. сомониро ташкил медод, пас айни замон ин нишондиҳанда 12 млн. сомониро ташкил медиҳад», – афзуд Иброҳимов.