spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Президенти TeliaSonera Eurasia ба Тоҷикистон ташриф овард



Ҳайати ширкати TeliaSonera таҳти раҳбарии президенти TeliaSonera Eurasia Эрик Халлберг рӯзи 1 октябр бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард.

Дар Душанбе намояндагони ширкат бо раҳбарияи ширкати фаръӣ дар Тоҷикистон – Tcell ва журналистон вохӯриҳо гузарониданд. Ҳамчунин дар чаҳорчӯби сафар ба Тоҷикистон Эрик Халлберг бо роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон сафир Хидает Бишчевич низ дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот мушкилоти макроиқтисодии минтақа, вазъи иқтисод дар Тоҷикистон, шароити мухити сармоягузорӣ ва мушкилоти марбут ба андозбандӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади ҷалби сармоягузории мустақим ба Тоҷикистон беҳбуди ҷараёни танзим аз ҷониби давлат, андозбандӣ ва ҳалли мушкилот дар дигар бахшҳо зарур буда, ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар созмонҳои байнулмилалӣ фаъолияти худро дар Тоҷикистон баҳри он амалӣ месозад, то ки ба ислоҳот дар иқтисод тавассути ёрии пулӣ ва машварат кумак карда, раванди пешрафтро ҷиддӣ пайгирӣ менамояд.

TeliaSonera – яке аз ширкатҳои бузургтарин дар бозори ҷаҳонии хизматгузориҳои телекоммуникатсионӣ аст. Ширкат моҳи декбари соли 2012 дар натиҷаи ҳамроҳкунии ширкати Sonera-и Финландия бо Telia-и Шветсия таъсис дода шуда, дар Шветсия, Финландия, Норвегия, Дания, кишварҳои Балтика, Озарбойҷон, Русия, Молдова ва дигар кишварҳои узви ИДМ фаъолият дорад.

Дар Тоҷикистон TeliaSonera аз моҳи марти соли 2010 ба фаъолият пардохта, ба ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (нишони молӣ Tcell) маблағгузорӣ мекунад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...