Телевизори OLED ва смартфони G4 аз ширкати LG аз тарафи нашрияҳои беҳтарини аврупоӣ барои технологияҳои хубтарин дар бозор баҳои баланд гирифтанд.
Имсол ширкати LG Electronics (LG ) чор ҷоизаи Асотсиатсияи рузноманигорони маҷаллаҳои марбути аудио ва видеотехника (EISA)-ро соҳиб гардид. Аз ҷумла телевизори OLED чор сол паиҳам ва смартфонҳои серияи G ду сол мешавад, ки соҳиби ҷоиза мешаванд.
Ҷоизаҳои бонуфузи EISA ҳамасола бо қарори намояндагони 50 нашрияи махсус оиди мултимедиаи дар 20 кишвари аврупоӣ нашршаванда супорида мешаванд. Дар баробари ин, маводҳо аз руи категорияҳои гуногун, аз ҷумла технологияҳо, дизайн ва ҷорикунии навгониҳо ба назар гирифта мешаванд.
Телевизори 4K OLED аз ширкати LG, модели
65EG960V
аз байни телевизорҳои аврупоӣ барои кинотеатрҳои хонагӣ ба туфайли экрани васеи 65дюйма беҳтарин дониста шуд. Экрани мазкур сатҳи олии акс, рангҳои табиӣ ва эффекти максималии ҳузур доштанро таъмин менамояд. Пикселҳои худдурахшандаи телевизор қобилияти таҳвили идеалии ранги сиёҳ ва дигар рангҳоро дошта, суръати баланди вокунишаш ҳангоми саҳнаҳои динамикӣ имконият медиҳад, ки тасвир паҳн нашавад.
Ба ғайр аз ин, дизайни Art Slim аз LG ба хонаи шумо ҳусни нафосат бахшида барномаи таърифии webOS 2.0 Smart TV телевизорро хеле қулай ва дар истифода марғуб намудааст.
Smart телевизори беҳтарини аврупоии 2015-2016, 65-дюймаи Super UHD телевизор (модели
65UF950V
) дар асоси webOS 2.0 намунаи идеалии насли нави Smart телевизорҳо аз ширкати LG мебошад. 65UF950Vаз қатори модели PRIME UHD телевизорҳо, сифати олии тасвир ва интихоби функсияҳои истифодабариро пешниҳод менамояд, ки аз модели рақобаткунандаи LCD телевизорҳо беҳтар аст.Барномаи навшудаи webOS 2.0 барои тамошобинон имкониятҳои навро бо назардошти соддагӣ,беихтиёрии мазаннаҳои аввал, аз ҷумла функсияи «Шабакаҳои манн»,пешниҳод менамояд, ки имконияти тез ва соддаи табдили шабакаи дилхоҳро фароҳам меоварад.
Смартфони пешқадами
LG
G4 ба
туфайли камераи 16 мегапиксели бо диафрагмаи 1,8 ва баробарсозии оптики тасвир (OIS) 2.0,
соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин камерофони аврупоӣ» шуд. Автофокуси лазерӣ ва дифрагмаи 1,8 имконият медиҳанд, ки дар шароити паст будани равшанӣ, аксҳои зебо бардошта шаванд.
Диққати махсуси ҳакамони EISA- ро дисплейи нави G4 IPS Quantum ба худ ҷалб намуд, аз асбобҳои зиёди мултимедиа фарқ мекард.
Дар номинатсияи «Беҳтарин дастгоҳи ҳомил дар Аврупо» соати зебои металии LG Watch Urbane бо барномаи Android Wear дониста шуд. Дисплеи мудаввари 1,3 дюймаи P-OLED-и соат дорои иҷозати тасвири 320×320 пиксел бо зичии 245 пиксел ба як дюйм мебошад. Соати Watch Urbane дар асоси протсессори Qualcomm Snapdragon™ 400 бо иқтидори 1,2 ГГц, к и бо хотираи ҳаҷмаш 4 гб ҷиҳозонида шудааст,кор мекунад ва шакли зебои соати қимматбаҳоро дорад.
«Мо аз он хушҳолем, ки чунин коршиносони муътабар ба маҳсулоти мо, ба туфайли ҷонибдориамон нисбати навгониҳо оиди вақтхушиҳои хонагӣ ва дастгоҳҳои мобилӣ баҳои баланд доданд , – гуфт Ин-кью Ли витсе-президенти калон ва сардори бахши телевизорҳо ва мониторҳои ширкати LG Home Entertainment. – Мо кушиши онро дорем, ки минбаъд ҳам ҳамчун бренди пешрави ҷаҳонӣ дар соҳаи электроникаи истеъмолӣ мавқеи худро мустаҳкамтар намоем ва муваффақиятамон дар Аврупо мавқеи муҳиме дар дастоварди мақсадҳоямон мебошад».