Дар баробари рушди технологияҳои гуногун ба нархи телевизорҳо нигоҳ карда харидорӣ намудани онҳо рӯз аз рӯз душвортар мешавад. Бино ба ақидаи таҳлилгарон, бозори ҷаҳонии телевизорҳо ҳамасола то соли 2018 ба 3% афзуда, таҳвили ТВ техника то 260 млн адад меафзояд.Беҳтарин дар ин соҳа, ширкати LG барои харидорон маслиҳатҳои муфид медиҳад, то дар интихоби дизайн, васеъгии экран ва иҷозати тасвир фиреб нахуред.
Дар қатори номгуи нави телевизорҳои LG амсилаҳои гуногуне ҳастанд: ҳамворпанел, камонпанел, гаронбаҳо ва арзишаш миёна. Барои он, ки телевизори бароятон маъқулро интихоб ва харидорӣ намоед, боед тавофут ва афзалиётҳои муҳими онҳоро донед.
Дар бораи аҳамияти диагонали LED телевизорҳо.
Тавофути LED телевизорҳои камонпанел бо диагонали камтар аз 55 дюйм аз телевизори ҳамворпанел дар чист? Пеш аз ҳама ба кунҷи биниш аҳамият диҳед. Дар LED телевизорҳои диагоналаш камтар аз 55 дюйм (40’-43, 47’-49’) кунҷи бинишаш 173 дараҷаро ташкил медиҳад, дар телевизорҳои ҳамворпанел он баробари 178 дараҷа аст. Мувофиқи ин дар экрани LED телевизорҳои камонпанел бо диагонали камтар аз 55 дюйм, зери кунҷҳо тасвир аз таъсири партави нурҳо вайрон мегардад. Дар баробари ин LED телевизорҳои камонпанел бо диагонали камтар аз 55 дюйм (40’-43, 47’-49’) ,барои ду нафар тамошобин қулай буда, барои толорҳои васеъ ва тамошобинони зиёд пешбинӣ нашудааст.
Ҳангоми тамошои LED телевизорҳои камонпанел бо диагонали камтар аз 55 дюйм шахс бояд ру ба руи экран нишаста бошад, то тасвирро бе камбудӣ тамошо намояд.Онҳое, ки дар дигар кунҷи биниш нишастаанд, вобаста ба кунҷи биниш тасвирро бадтар хоҳанд дид. Аз ин рӯ агар телевизори камонпанел хариданӣ бошед, албатта диагоналаш аз 55 дюйм зиёдтарашро интихоб намоед.
Яке аз бартариҳои LED телевизори ҳамворпанел ба девор,ин аст, ки аз сабаби 47 см ва аз он боло будани ғафсиаш, барои насби он дар сатҳи девор масоҳати бештаре лозим аст. Дар мавриди насби LED телевизори камонпанел дар девор , бо сабаби барҷастагии кунҷҳо хатари осебёбӣ мавҷуд мебошад.
Телевизори ҳақиқии камоншакл бояд чӣ гуна бошад?
Зебонамуд, барои тамошо қулай ва тасвираш босифат! Кунҷи биниши OLED телевизорҳои камоншакли LG ҳамеша як хел буда, тамошои тасвир ба кас ҳаловат мебахшад. Танҳо OLED телевизорҳои камоншакли LG метавонанд барои тамошои тасвир дар зери кунҷи дилхоҳ қулай ва ҳаловатбахш мебошанд. Дар паси экран ба ҷои фурузонакҳои барқӣ булӯрҳои органики рушноидиҳанда-
OLED пикселҳои рушноидиҳанда
насб шудаанд, ки новобаста аз ҳамдигар хомушу фурузон мешаванд.
Ба туфайли ин, ба ширкати LG муяссар шуд, ки диапазони ҳайратовари мухолифияти рангҳои сиёҳу сафедро барои саҳеҳии рангҳо ба даст орад. Ҳатто дар мавриди тамошои тасвир аз наздик, саҳеҳият ва иҷозати тасвири
4К Ultra HD
аз иҷозати тасвири Full HD 4 баробар зиёдтар аст.
Тасвири ҳайратовар бояд бо садои хуб муаррифӣ гардад. Садои олидараҷаи harman/kardon бароят лаҳзаҳои гуворо ҳадя хоҳад кард. Бар навгониҳои инноватсионии OLED телевизорҳо, дизайни Art Slim намуди зебо илова менамояд. Системаи
webOS-и LG
бошад, барои бароҳатӣ ва фароғати шумо пешбинӣ шудааст. Имкониятҳои амалии ин гуна телевизорҳо ҳудуд надоранд: шумо метавонед аз сарчашмаи дилхоҳи телевизор, интернет, замимаҳои насбшавандаву хизматрасониҳои гуногун тариқи телефон истифода баред, экранро чанд тақсим намоед ва ғ.
Телевизор бо замимаи «супер»
Агар шумо телевизорро дар сатҳи девор ҷойгир кардани бошед, пас ба телевизори иноватсионии ҳамворпанели LG SUPER UHD TV диққат диҳед. Амсилаи телевизори LG 55UF950V, ки аввалин шуда технологияи нуқтаҳои квантиро ба роҳ мондааст, барои имкониятҳои тасвири хубтарин пешниҳод гардидааст. Нуқтаҳои квантӣ барои таҳвили рангҳо мусоидат менамояд. Булӯҳои хурдакаки андозаашон аз 2 то 10 нанометр вобаста ба андозаашон рангпошӣ менамоянд, ки доираи нурпоишиашон аз сарчашмҳои мавҷудаи нур тангтар мебошад ва сабаби саҳеҳии таҳвили рангҳо мегардад.
Технологияи ColorPrime
барои таҳвили он рангҳое мусоидат менамояд, ки дар телевизорҳои оддӣ тавассути васеъ кардани диапазон ба туфайли технологияи Nano Spectrum ба даст оварда мешуданд.
Технологияи Ultra Luminance
сареҳӣ ва дурахшонии рангҳоро ба амал мебарорад. Сохти махсуси барномаи (матритса)
IPS 4K
таҳвили нур, кунҷи васеи намоиш ва пойдории экранро таъмин менамояд.
Аудиосистемаи Harman/Kardon
ба экрани калон мувофиқат намуда, садои амиқу тозаро муҳайё мекунад.
Агар шумо дар ҳақиқат телевизори замонавӣ хариданиеду филму намоишномаҳои сифатан баланд тамошо кардан хоҳед, ба қатори телевизорҳои LG, ки ҳамаи технологияҳои комили ин ширкатро дар бар гирифтааст, диқкати махсус диҳед.
LG: Smart-платформаи навтарини WebOS бо имкониятҳои калон, шабакаи тасвири сеқабата-3D, номгуи зиёди насбҳои замонавӣ ва дизайни зебо.