Ин дар ҳолест, ки чанд сол қабл бархе аз ширкатҳои хориҷӣ аз мавҷудияти конҳои бузурги нафту газ дар қаламрави ҷумҳурӣ хабар дода буданд.
Иддао зиёд, аммо…
Пажӯҳишгарони ватанӣ бар ин назаранд, ки дар конҳои кишварамон захоири эҳтимолии нафт ба андозаи 120 миллион тонна ва газ дар ҳаҷми 880 миллиард метри мукааб мавҷуд аст. Ҳамзамон мутахассисони хориҷӣ иддао доранд, ки қаламрави Тоҷикистон 27,5 миллиард баррел нафт ва 114 триллион метри мукааб газ дорад.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, беш аз 25%-и қаламрави Тоҷикистон (34,6 ҳазор метри мураббаъ)-ро заминҳое ташкил медиҳанд, ки барои ҷустуҷӯйи маҳсулоти нафту газ мувофиқ дониста мешаванд.
Ҳамзамон тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, дар самти истихроҷи нафту газ 8 корхонаи ватанӣ фаъолият доранд, ки иқтидори истеҳсолии онҳо дар як шабонарӯз ба 70 тонна баробар аст.
Айни ҳол ширкатҳои хориҷиву муштарак низ машғули ҷустуҷӯ ва истихроҷи нафту гази Тоҷикистонанд. Вале нишондиҳандаҳои оморӣ баёнгари онанд, ки соли 2015 дар ҷумҳурӣ танҳо 24 ҳазору 631 тонна нафт ва 4 миллиону 111 ҳазор метри мукааб газ истихроҷ шудааст.
Сабабҳои истихроҷи кам ва майдонҳои ояндадор
Масъулони соҳа дар марҳилаи охири иктишоф қарор доштани конҳои амалкунанда, камшавии захираҳо, пастшавии фишори қабатҳои маҳсулотдор, ҳамчунин афзоиши обнокии маҳсулоти чоҳҳоро сабабҳои аслии кам истихроҷ шудани нафту газ дар кишвар арзёбӣ мекунанд. Ба таъкиди Эмоммуҳаммад Садриддинов, сардори шуъбаи истеҳсолӣ-технологии ҶСК «Нафту газ», дар Тоҷикистон соҳаи истихроҷи нафту газ тақрибан рушд надорад, зеро баҳрабардорӣ аз конҳои нав техникаи қавӣ ва маблағи зиёдро талаб мекунад.
Мутахассисиони Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ мегӯянд, имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 70 майдони ояндадори нафту газ мавҷуд аст, ки ба омӯзиши геологӣ ниёз доранд.
Нокомии ширкатҳои бузург
Дар қаламрави Тоҷикистон бо мақсади кашфи конҳои нафту газ як қатор ширкатҳои Русия, Фаронса, Чин, Бритониё ва кишварҳои дигар машғули корҳои омӯзиши геологӣ ҳастанд. Аз ҷумла, барои истихроҷи нафт дар ҷануби кишвар 3 ширкати бонуфузи хориҷӣ – "Total"-и Фаронса, "CNPC"-и Чин ва "Кулоб Петролиум Лимитед"-и мутааллиқ ба "Tethys Petroleum Ltd." ширкати муштараки "Бохтар Оперейтинг Компани"-ро таъсис додаанд.
Аммо дар авоили соли ҷорӣ сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ Мурод Хол кори ин ширкати муштаракро ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки тӯли 7 соли фаъолияти он дар ҷумҳурӣ ҳеҷ натиҷаи муайян ҳосил нашудааст. Вай афзуд: «Давоми ҳамин сол онҳо бояд 25%-и майдонҳои ояндадори нафту газро ба ҳукумат баргардонанд».
Интиқоди ин ниҳод дар ҳолест, ки миёни муассисони ширкати “Бохтар Оперейтинг Компани” бар сари тақсими саҳмияҳо баҳс бархостааст. Дар тарҳи “Бохтар” ширкатҳои “Total” ва “CNPC” 33,335 дарсадӣ ва ширкати "Кулоб Петролиум Лимитед" 33,33% саҳмияҳоро соҳибанд. Аз рӯйи қарордод бояд ҳар яки онҳо барои корҳои иктишофӣ саҳми молӣ мегузоштанд. Вале ба иддаои шарикон, "Кулоб Петролиум Лимитед" ин уҳдадории худро иҷро накардааст. Биноан, “Total” ва “CNPC” тақозо доранд, ки ширкати мазкур аз тарҳи муштарак хориҷ шавад ва ҳатто бо ин даъво ба Додгоҳи байнулмилалии ҳакамӣ муроҷиат кардаанд. Вале "Tethys Petroleum Ltd." талош дорад, ки қазияро аз тариқи муколама бо шарикон ҳал кунад.
Талошҳои бенатиҷаи «Газпром»
Ширкати дигари фаъол дар самти ҷустуҷӯ ва муайянсозии конҳои нафту гази Тоҷикистон – ҶСК «Газпром»-и Русия мебошад. Он чанд сол инҷониб дар талоши истихроҷи нафту гази кишвари мост. Аммо тавре масъулони Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ иттилоъ доданд, кӯшишҳои чандсолаи ин ширкат то кунун натиҷаи умедбахше ба бор наовардааст. Бо вуҷуди ин, Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ аз идомаи фаъолияти ҶСК «Газпром» дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ кардааст.
Нокомӣ дар истихроҷи нафту гази худӣ боис шудааст, ки имрӯз маҳсулоти нафтии мавриди ниёзи кишвар қариб 99% аз хориҷ ворид мешавад. Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ воридоти 1 миллиону 753,4 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ аз хориҷи кишвар ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон истихроҷи нафти дохилӣ ҳамагӣ 24 ҳазор тонна пешбинӣ гардидааст. Маҳз ҳамин вобастагии аз ҳад зиёди кишвар ба маҳсулоти нафтии воридотӣ имкон намедиҳад, ки сокинон ба сӯзишвории арзон дастрасӣ дошта бошанд.
Иқтисоди осебпазир
Вобастагӣ ба газу бензини воридотӣ иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳоли осебпазир қарор додааст.
Сарфи назар аз афзоиши талабот ба маводи сӯзишворӣ, тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, дар 5 моҳи соли равон ба Тоҷикистон 417,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазор тонна камтар аст.
Аз соли 2008 батадриҷ маҳдуд гардидану аз соли 2012 пурра қатъ шудани воридоти газ аз Ӯзбекистон корхонаҳои саноатии Тоҷикистонро маҷбур кард, ки дар фикри гузарондани тавлидоташон ба навъҳои дигари сӯзишворӣ, аз ҷумла, ангишт шаванд. Ҳамзамон ҷорӣ шудани боҷи гумрукии Русия дар соли 2010 боис шуд, ки арзиши бензину солярка ва мазут дар Тоҷикистон боло рафта, ба афзоиши нархи анвои дигари маҳсулот дар бозорҳои кишвар сабаб гардад.
Яккатозии Русия дар бозори нафти Тоҷикистон
Русия имрӯз аз нисф бештари бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистонро дар ихтиёр дошта, дар феҳристи кишварҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳуриамон мақоми аввалро соҳиб аст. Сабаби ин яккатозӣ созишномаи дуҷонибаест, ки ба соҳибкорон бидуни боҷи гумрукӣ ворид кардани маҳсулоти нафтии Русияро кафолат медиҳад.
Дар заминаи ин санади байнидавлатӣ соли 2015 бояд ба ҷумҳурӣ 530 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда мешуд, аммо бо сабабҳои гуногун танҳо 63% интиқол ёфту халос.
Дар соли 2016 воридоти 830 ҳазор тонна сӯзишворӣ аз Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи гумрукӣ пешбинӣ шудааст.
Таъсиси корхонаҳои коркарди нафт
Коршиносон ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти нафтиро дар дохили Тоҷикистон аз роҳҳои дигари коҳиш додани нархи сӯзишворӣ дар кишвар арзёбӣ мекунанд. Тибқи нақша дар чанд соли оянда бо фаъол шудани як зумра корхонаҳои бузург, омори воридоти нафти хом ва коркарди он дар дохил бамаротиб афзоиш хоҳад ёфт.
Аз ҷумла, имсол дар шаҳри Конибодом корхонаи коркарди ниҳоии нафт – ҶДММ «Нафтрасон» ба фаъолият пардохт, ки дар ҳамкории соҳибкорони ватанӣ бо сармоягузорони хориҷӣ бунёд шудааст. Иқтидори солонааш коркарди 70 ҳазор тонна нафти хом буда, он ҳамасола ба маблағи 70 миллион сомонӣ маҳсулоти тайёр, аз ҷумла, бензин, солярка, гази моеъ ва мазут истеҳсол хоҳад кард.
Соли ҷорӣ ба кор пардохтани боз як корхонаи бузурги коркарди нафт дар ноҳияи Данғара ба нақша гирифта шудааст. Иқтидори он дар як сол коркарди 1,2 миллион тонна маводи нафтӣ хоҳад буд ва дар як рӯз метавонад то 360 тонна нафти хомро коркард намояд.
Умед Давлатов, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ мутмаин аст, ки баъд аз оғози фаъолияти он вазъи соҳа тағйир ёфта, нархи сӯзишворӣ дар кишвар то 30% поин хоҳад рафт. Вай афзуд: «Дар сурати ба кор даровардани ин корхона метавон арзиши маҳсулоти бензинӣ ва дизелиро ба андозаи назаррас коҳиш дод. Харидории нафти хом аз хориҷ ва коркарди он дар дохили кишвар бо назардошти хароҷоти мавҷуда назар ба воридоти нафти тайёр арзонтар меафтад, ки ин ба арзиши маҳсулот таъсиргузор хоҳад буд».
Норасоии нафти хом
Таъсиси корхонаҳои нави коркарди нафт дар ҳолест, ки имрӯз бархе аз корхонаҳои мавҷудаи соҳа аз сабаби норасоии нафти хом бо иқтидори пурраи худ фаъолият карда наметавонанд.
Масалан, ҶДММ «Ҷалолӣ» дар шаҳри Кӯлоб соли 2015 ҳамагӣ 846 тонна маҳсулоти нафтиро полоиш кардааст, дар ҳоле ки иқтидори истеҳсолии он бамаротиб бештар аст. Сарвари ин корхона Ҳофиз Ҷалолов сабаби коҳиши ҳаҷми маҳсулоташро чунин шарҳ дод: «Агар нафти хом бошад, мо дар як моҳ то 300 тонна коркард мекунем. Аз сабаби набудани нафт мо баъд аз коркарди 50 тонна дар се рӯз, аз он бензин, солярка, керасин истеҳсол карда, ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ пешниҳод месозем. Аз боқимондаи он мазут мемонад, ки онро ба муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ш. Кӯлоб пешниҳод мекунем».
Чӣ бояд кард?
Дар шароити кунунӣ умед бастан ба истихроҷи нафту гази худӣ роҳи раҳоӣ аз мушкили таъминот бо ин навъи маҳсулот нест. Зеро натиҷаи хоҳ мусбату хоҳ манфии корҳои омӯзиши геологиро мебояд солҳо мунтазир шуд ва хеле заҳматталабу душвор будани истихроҷи нафти дохилиро ҳам ширкатҳои ватаниву ҳам хориҷӣ собит кардаанд. Бо назардошти ин, коршиносон ба роҳ мондани коркарди пурраи нафт дар дохили кишвар ва воридоти нафти хомро аз хориҷ барои таъмини корхонаҳои ватанӣ роҳе арзёбӣ мекунанд, ки натиҷаи он зудтар аён хоҳад шуд.