Кишоварзони шаҳри Турсунзода имсол ҳосили хуби пунбадона ба даст оварда, миёни хоҷагиҳо пахтакорони ҶДММ «Агросаноат» пешсаф мебошанд, ки аз ҳар як гектар (дар маҷмӯъ аз 212 га) ба ҳисоби миёна 30 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд.
«Нақшаро мо аллакай иҷро карда, ҳол ҳам дар майдон пахта зиёд аст. Аз ин рӯ ҳослнокиро то 50 сентнерӣ расониданием», – гуфт сардори бигадаи 6-ум Нусратулло Турсунов.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯзҳо чиниши дуюми пахта идома дошта, дар даҳаи сеюми моҳи октябр аз ин майдонҳо маротиба сеюм низ ҳосил ҷамъоварӣ кардан имкон дорад.
Бригадаи Турсунов асосан аз занҳо иборат буда, имсол онҳо бидуни кумак аз берун мустақилона худашон аз уҳдаи иҷрои вазифа баромадаанд. Ҷалби хонандагону сокинони шаҳр ба ғунучини ҳосил лозим наомадааст.
Дар ин хоҷагӣ барои 1 килои пахтаи ҷамъоварда 50 дирам музди меҳнат пардохт мекунанд, вале ваъда додаанд, ки дар даҳаи сеюми ҳосилғундорӣ маблағи ҳақмуздро зиёд мекунанд.