spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

«Бонки Эсхата». Пешравии устувор!

Пешравии устувор – фаъолияти нӯҳмоҳаи Бонки Эсхатаро барои соли 2016 чунин метавон номгузорӣ кард.  Дар давраи ҳисоботӣ, бонк обрӯву нуфузи худро ҳамчун ташкилоти молиявии устувор собит кард ва ҳатто вазъияти буҳрониро барои боз ҳам самаранок шудан дар бозори молиявии Тоҷикистон истифода намуд.

Албатта душвор шудани вазъияти иқтисодӣ ва паст шудани талабот ба хизматрасониҳои қарзӣ дар Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои молиявии Бонки Эсхата бетаъсир намонд.

Лекин новобаста ба ин Бонки Эсхата арзиши асосии худ-боварии мизоҷонро нигоҳ дошт.  Идома додани муносибати боварибахшу дарозмӯҳлат бо мизоҷон афзалияти асосии фаъолияти Бонки Эсхата маҳсуб меёбад.

Ҳаҷми сармояи тавозунии Бонк ба санаи 30.09.2016 303, 2 млн. сомониро ташкил кард, ки ба 3,5% нисбати натиҷаи семоҳаи дуюми соли ҷорӣ зиёд аст. Ҳамзамон дороии бонк ба 6,3% афзуда, 1703 млн. сомониро ташкил кард.  Фоидаи соф 20,5 млн. сомониро ташкил дод.

Бақияи сандуқи қарзии Бонки Эсхата дар давраи ҳисоботӣ бе назардошти қарзҳои байнибонкӣ нисбати нишондиҳандаи семоҳаи дуюм 1,8% паст фаромада, 1019 млн. сомониро  ташкил додааст. Ҳамзамон ҳиссаи қарзҳои хурд 624,5 млн. сомони буда, пастшавӣ 6% ро нишон медиҳад.

Маблағи асосии қарзҳои додашуда 1142,8 млн. сомони буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9,5% зиёд аст. Давоми нӯҳ моҳи соли 2016 ҳамчунин афзоиши сандуқи қарзӣ ба 12,4% ба маблағи 756,8 млн. сомони ба назар мерасад.

Имрузҳо самти афзалиятноки соҳаи тиҷорати чаканаи Бонки Эсхата ин ҷорӣ намудани хизматрасониҳои замонавии бонкӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчун яке аз муассисаи молиявии Тоҷикистон, Бонки Эсхата рӯз аз рӯз хизматрасониҳои худро беҳтар гардонида, дар ин самт роҳат ва осонии кори мизоҷро таъмин месозад.

Такмили хизматрасониҳои тиҷорати термилӣ, Интернет Бонк, шабакаи банкоматҳо ва Пос- терминалҳо ба баланд бардоштани содиқияти мизоҷони бонк ва осон намудани вазифаҳои ҳамарузаи онҳо равона гардидааст.  Афзоиши асосӣ дар самти тиҷорати чакана аз хизматрасонии корти пардохтӣ низ вобастагӣ дорад. Ин соҳа дар Тоҷикистон дар сатҳи рушд қарор гирифтааст, аз ин рӯ тиҷорати кортҳои пардохтии худро рушд бахшида, Бонки Эсхата дар умум ба пешрафти пардохти ғайринақдӣ ва технологияи пешрафтаи бонкӣ дар бозори молиявии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

 Ҳамин тавр дар давраи охири семоҳаи сеюми соли ҷорӣ наздик 73 ҳазор дорандагони фаъоли кортҳои пластикии Бонки Эсхата ба қайд гирифта шудаанд. Ин ҷо афзоиш 7,2% нисбат ба натиҷаи семоҳаи дуюм нишод дода шудааст. Ба хотири таъмини саривақтии дорандагон кортҳои пардохтӣ бо пулҳои нақд дар ҳудуди кишвар 73 адад банкомат, 187  Пос -терминал дар нуқтаҳои пардохти воситаҳои нақдӣ ва 44 Пос -терминал дар муасиссаҳои хизматрасонӣ амал мекунанд.

Бо шиори “Мо наздиктар мешавем” Бонки Эсхата дар ҳудуди кишвар мавқеи ҷойгиршавии худро васеъ мегардонад, то ки саривақт ва босифат талаботи мизоҷонро таъмин созад. То санаи 31 октябри соли ҷорӣ 22 филиал, 295 маркази хизматрасонии бонкӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон  амал мекунанд. Шумораи кормандон 2970 нафарро ташкил додааст.

Ҷомеаи меҳнатии Бонки Эсхата ҳамеша кӯшиш мекунад, ки ба талаботҳои мизоҷону шарикони худ ҷавобгуй бошад ва фаъолияти босамари худ ва мавқеи худро дар бозори молиявии Тоҷикистон ҳамчун яке аз Бонкҳои пешрафтаи кишвар мустаҳкам намояд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...