Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6131

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6131
100 000 сомонӣ дар 30 дақиқа тақсим карда шуд! - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

100 000 сомонӣ дар 30 дақиқа тақсим карда шуд!

30
30

Амали мазкур бо мақсади дастгирии соҳибкорони хурд, ки камчинии пулҳои майдаи коғазиро камбудӣ дар савдо меҳисобанд ва инчунин бо ҳадафи иваз намудани пулҳои фарсудашудаи сомонӣ ба пулҳои нав иҷро шудааст. Соҳибкорон тавонистанд бе ташриф ба бонк, дар худи бозори Панҷшанбе пулҳои калонро ба як ва сесомонигӣ майда карда, пулҳои фарсудашударо низ ба пулҳои нав иваз намоянд.

«Вақте, ки мизоҷон аз мо харидорӣ мекунанд, мо ба онҳо бақия дода наметавонем, зеро пули майда надорем ва агар дошта бошем ҳам, ҳолати онҳо беҳад кӯҳна шудааст. Ба ҷои бақия ягон мол пешниҳод мекунем, аммо на ҳама ба он розӣ мешавад. Хуб шуд, ки Бонки Эсхата мадад кард ва мо  тавонистем пулҳои худро майда кунем. Танҳо камтар вақт барои дар навбат истодан сарф шуд, зеро хоҳишмандон хеле зиёд буданд» – мегӯяд соҳибкор Мунира.

«Бонки Эсхата» барои иҷрои амалиёти мазкур гурӯҳи махсуси кормандонашро вобаста кард, ки бе иштироки онҳо таъмин кардани соҳибкорони хурд бо пулҳои коғазини нав душвор аст.

Масалан, сардори хадамоти инкассатсия Анвар Иброҳимов мошини инкассатсионӣ ва бехатариро таъмин кард, Инмоҷон Шукуров бошад пулҳои навро, хазиначиёни бонк Собир Султонов ва Даврон Ҳакимбоев бо ивази пулҳои фарсуда ва майда кардани пул машғул шуда, тартиб ва бехатарии ҷараёни амалиётро  Неъматҷон Каримов ва Шӯҳрат Ӯрунов таъмин карданд.

Дастрасӣ ба пулҳои нави майда дар бозори Панчшанбе барои соҳибкорон аз санаи 28 то 30 август пешниҳод карда шуд.

«Бонки Эсхата тасмим гирифт, ки дар арафаи иди Қурбон соҳибкорони хурдро дастгирӣ намояд. Ҳамон вақте ки камшавии пулҳои майда ҳис карда мешавад ва шумораи пулҳои фарсудашудаи дар гардишбуда зиёд аст, ин иқдоми пешгирифтаи Бонки Эсхата муҳим ва саривақтӣ мебошад. Се рӯз аст, ки ҳамин гуна кумаки худро ба мардум расонида истодаем ва онҳо миннатдории хешро ба бонк изҳор мекунанд» – иброз дошт Исматулло Исматуллоев, и.в. сардори Идораи амалиётии ҶСК «Бонки Эсхата».

Бояд қайд кард, ки барои майда кардани пулҳои калон ё иваз намудани пулҳои фарсуда ягон хел ҳуҷҷат лозим нест, танҳо меъёр дар ҳаҷми 100 сомонӣ барои як нафар муқаррар карда шудааст, то ки шумораи зиёди соҳибкорон аз ин амалиёт истифода бурда тавонанд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...