Дар нахустин намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон дар маркази ташкили намоишгоҳҳои «Узэкспоцентр»-и шаҳри Тошканд, ки 11 октябр ба кор шурӯъ намуд, ҳудуди 150 ширкат молҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд. Намоишгоҳ то 14 октябр идома меёбад. Дар гузориши тасвирии мо гӯшаҳои корхонаҳои Тоҷикистон.
Дар доираи кори намоишгоҳ ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони тоҷику ӯзбек доир гардида, дар он наздики 500 нафар намояндагони корхонаҳо ва ширкатҳои бузурги минтақаҳои гуногуни ҳарду кишвар ширкат варзиданд.
Ҳамчунин дар ҳошияи кори намоишгоҳ беш аз 20 қарордод ва 6 ёддошт, аз ҷумла Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои корӣ миёни Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расид.
Бино ба маълуомти ПСС Ӯзбекистон, соли 2016 ҳаҷми муомилоти мол 197 млн. доллар ва танҳо давоми моҳҳои январ-сентябр 178,2 млн. долларро ташкил додааст.
Дар Ӯзбекистон 24 корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият доранд, аз ҷумла 1 корхона бо 100% сармояи Тоҷикистон. Дар навбати худ, дар қаламрави Тоҷикистон 9 корхона бо иштироки резидентҳои Ӯзбекистон таъсис дода шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.