Моҳи декабри соли равон ба фаъолияти нахустин корхонаи шарикии давлат ва бахши хусусии Тоҷикистон – ширкати «Помир Энержи» 15 сол пур мешавад.
Соли 2002 ҳукумати кишвар дар ҳамдастӣ бо Корпоратсия байнулмилалии молиявӣ ва Бунёди рушди Оғохон аввалин корхонаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ – ширкати «Помир энержи»-ро таъсис дод.
Имрӯз ширкати «Помир энержи» ба ҷуз чанде аз деҳаҳои водии Бартанг ва ноҳияи Мурғоб, 96%-и хонаводаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо нерӯи барқ таъмин мекунад. Ғайр аз ин, наздики 40 ҳазор нафар сокинони вилояти Бадахшони Афғонистон низ аз нерӯи барқи ин ширкат истифода мебаранд, ки барои қисмате аз онҳо нерӯи барқ бори аввал дастрас шуд.